Маълумоти охирин
Главная / Илм / Ҳарфи ӣ

Ҳарфи ӣ

ii

Ӣ, и-и заданок, ҳарфи 35-уми алифбои ҳозираи тоҷикист, ки дар асоси ҳарфи И ба вуҷуд оварда шудааст. Варианти заданоки овози и буда, талаффузаш ҳам ба ҳамин фонема монанд аст. Шакли навишти чопиаш Ӣӣ, дастнависаш Ӣӣ мебошад. Дар алифбои арабиасоси тоҷикӣ (то 1930) бо (Ей), ки дар охири калима меояд, сабт карда мешуд. Дар алифбои лотиниасоси тоҷикӣ (1930—40) шакли чопиаш ӣ, дастнависаш Ӣ буд.

Дар забони адабии ҳозираи тоҷик И. танҳо дар охири калимаҳо меояд: тоҷикӣ, советӣ, равонӣ, пешравӣ ва F. Пеш аз бандаки изофӣ ба «и» табдил меёбад, вале ҳамои овози заданокро ифода менамояд. Мас.: дарозии умр, накугуии шоир, корнамоии мо, мирзогии ман ва ғ. Ҳарфи Ӣ барои фарқ гузоштан байни садоноки и-и безада, ки дар охири калима меояд, махсусан бандаки изофӣ (-и):, калимаҳои китобӣ — китоби нав, тартиби алифбои — алифбои тоҷикӣ, инчунин калимаҳои тасвирию тақлидии тараққӣ афтод, лаппи дар гирифт ва F. аз овози садоноки «и»-и зададори охири калима (забоншиносӣ — забоншиноси машҳур, бародарӣ — бародари ман ва ғ.) аҳамияти хос дорад.

В. Капранов.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …