Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ХИЛОФАТИ АРАБ

ХИЛОФАТИ АРАБ

ХИЛОФАТИ АРАБ, системаи теократни (нигаред Теократия) мусулмонӣ, инчунин номи дар адабиёти илмӣ маъмули давлати мусулмонии арабро гӯянд, ки сардораш халифа буд. Дар асри 7 ба вуҷуд омада, асри 8 баъди аз тарафи арабҳо истило шудани кишварҳои Шарқи Наздику Миёна ва Африкаи шимолӣ масоҳати он боз ҳам васеътар гардид. Асоси Xилофати арабро ҷамоаи мусулмоние (умма) ташкил мекард, ки онро Муҳаммад дар Арабистони Ғарбӣ таъсис дода буд. Xилофати араб асосан ба се давра (давраи хулафои Рошидин, Умавиён ва Аббосиён) тақсим мешавад.

290px-asia_history_map_661

Солҳои 632—656 шаҳри Мадина ба пойтахти Xилофати араб табдил ёфт. Дар ахди Абӯбакр (ҳукмронӣ 632—634) шӯришҳои қабилақои араб пахн карда шуданд ва истилои мулкҳои Руму (Византия) Сосониён оғоз ёфт. Дар давраи аввали истилои араб Ироқ, қариб тамоми Эрон, қисми зиёди Закавказия, Сурия, Фаластин ва Миср ба ҳайати Xилофати араб ҳамроҳ карда шуданд. Солҳои 40—50 асри 7 дар рафти забткориҳои берунӣ дар байни арабҳо ба табақаҳо ҷудошавӣ вусъат ёфт. Ихтилофоти байни арабҳои қаторию ашрофони қабилавӣ, инчунин гурӯҳҳои гуногуни аъёну ашрофи араб тезутунд гардид. Дар аҳди Умавиён (671—750) дар амал ба давлати дунявӣ табдил ёфт. Тартиботи Умавиён шароити зиндагии оммаи халқро беҳтар накард ва аз рӯзи аввали ба сари хилофат омадани онҳо гурӯҳҳои гуногуни иҷтимоӣ зидди Умавиён бархостанд. Дар натиҷаи шӯриши Абумуслим соли 750 Аббосиён ба сари ҳокимият омаданд. Аббосиён ба тахт нишаста сохти иҷтимоии Xилофати араб ва хусусияти дунёвии онро тағйир надоданд. Ҳарчанд Аббосиён худро имом шуморанд ҳам, вале сохти давлатии онҳо на теократия, балки тарзи давлатдории Сосониён буд. Дар ахди Аббосиён дар ҳудуди Xилофати араб, аз ҷумла Эрону Осиёи Миёна ва Каокао ҳаракатҳои халқӣ авҷ гирифтанд. Деҳқонони ин ноҳияҳо зери зулми дутарафа (аз як тараф ҳокимони араб, аз тарафи дигар феодалони маҳаллӣ) монданд. Соли 755 бо роҳбарии Сумбоди Муғ дар Нишопуру Рай шӯриш сар зад, ки он 70 рӯз давом кард. Дар байни шӯришҳои халқи Исъёни М уқаннаъ калонтарин буд.
Xилофати араб дар ибтидои салтанати Аббосиён ба зинаҳои баланди мутамарказияти сиёсӣ ва тараққиёти қувваҳои истеҳсолкунанда расид. Аз ибтидои асри 9 бошад, дар мамлакат инқирози сиёсӣ оғоз ёфт. Дар натиҷа якчанд дашлатҳои мустақили феодали ва аморатҳои маҳаллӣ, ба монанди Тулуниён, Алавиён, Тоҳириён, Саффориён, Сомониён ташкил ёфтанд. Нимаи якуми асри 10 ба ҷои Xилофати араб давлатҳои мустақили хилофати Фотимиён (909—1171), хилофати Умавиён (929 —1031) ва хилофати Аббосиён ба вуҷуд омаданд. Халифаҳои фотимӣ ва умавӣ ҳам ҳокимияти динӣ ва ҳам дунявяро дар дасти худ нигоҳ медоштанд, халифаи аббосӣ бошад, баъди Бағдодро истило кардани оли Буя ҳатто дар худи Бағдод ҳам аз ҳокимияти дунявӣ маҳрум гардид. Соли 1055 дар Бағдод ба ҷои оли Буя Салҷуқиён омаданд. Аз соли 945 то соли 1132 дар ихтиёри халифа ҳои аббосӣ танҳо ҳокимияти рӯҳонӣ (имомат) боқӣ монду бас. Баъди парбкандашавии давлатии Салҷуқиён (1118) дар натиҷаи муборизаи халифаҳои араб бо султонҳои сал ҷуқии Ироқ хилофати Аббосиён дар ҳавзаи дарёи Даҷла ва Фурот ҳамчун давлат аз нав ташкил ёфт. Халифа Носир (ҳукмронӣ 1160—1225) Хузистонро низ ба ҳайати хилофат ҳамроҳ намуда, ба муқобили Хоразмшоҳиён мубориза бурд. Соли 1258 баъди Бағдодро забт кардани қӯшунҳои муғул бо сардории Ҳалокухон ва қатли халифаи охирин Мӯътасим Xилофати араб чун давлат барҳам хӯрд. Чанд сол баъдтар барои барқарор намудани ҳокимияти рӯҳонии халифаҳои аббосӣ кӯшише карда шуд: соли 1261 яке аз намояндаҳои сулолаи Аббосиёнро дар назди боргоҳи султони мамлуки Миср халифа эълон карданд.
Аз ҳайон вақт сар карда то Мисрро истило намудани туркҳо (1517) халифаҳои аббосй ҳарчанд ҳокимияти сиёсӣ надоштанд, дар Қоҳира дар дарбори султонҳои мамлук зиста, тавассути мавқеи мазҳабии худ эътибори ҳукумати дунявии султонҳои Миср ва баъзан султонҳои мамлакатҳои дигари мусулмоииро баланд мебардоштанд. Дертар султонҳои турк низ худро халифа номида, бо он восита исбот карданӣ мешуданд, ки гӯё намояндан охирини Аббосиён дар Қоҳира ба онҳо ин унвонро додааст. Хилофати Туркия соли 1924 дар Туркияи республикавӣ барҳам дода шуд.
Адабиёт: Бартолд В. В.. Халиф и султан, Сочинение, том 6, Москва, 1966; Беляев Е. А.. Арабы, ислам, и арабский халифат в ранние срёдневекове, 2-издателство, Москва, 1966;
Босворт К. Э„ Мусулманские династии, Москва 1971. Ғ. Ғоибов.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …