Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / «ХАЗИНАТ-УШ-ШУАРО»

«ХАЗИНАТ-УШ-ШУАРО»

«ХАЗИНАТ-УШ-ШУАРО» тазкираест, ки онро соли 1849 шоир ва донишманди форсизабони Ҳиндустон Сайидалии Кабир маъруф ба Муҳаммад Миранҷони Аҷмалии Оллоҳободӣ (таваллуд 1797) таълиф кардааст. «Xазинат-уш-шуаро» шарҳи ҳолимухтасар ва намунаи ашъори 190 нафар шоири форсизабони Ҳиндустонро, ки дар асри 18 ва нимаи аввали асри 19 зиндагй ва эҷод кардаанд, дар бар мегирад. Аксари шоирони дар «Xазинат-уш-шуаро» зикргардида аз ҷумлаи шогирдону дӯстон ва хешовандони бобою амаки муаллифи асар (фозилони номӣ— Муҳаммадяҳё машҳур ба номн Шоҳҳубуллоҳ ва Муҳаммадафзал мутахаллис ба Муҳаққари Оллоҳободӣ) мебошанд. Ягона нусхаи дастнависи «Xазинат-уш-шуаро» дар китобхонаи Индиа-Оффис (Англия) маҳфуз мебошад.
А. Алимардонов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …