Маълумоти охирин

ХАРДАЛ

ХАРДАЛ, ҳардал (Вгаssica junsea), гиёҳи яксолаест аз оилаи чилликгулҳо. Пояаш сершох, аз 50 то 150 см қад мекашад. Гулаш майдаи зард, ғилофакаш зуғӯташакл, нӯгаш борики дарафшмонанд, тухмаш майда, зардтоб, ҷигарӣ ё сиёҳтоб (вазни 1000 донааш 1,8—4,5 г).

xardal
Xардал зироати сармобардор аст. Давраи нашваш (барои дон) 90—140 рӯз; барги навъҳои сабзавотии онро баъди 20—30 рӯзи нешзанӣ меғундоранд. Баргашро, ки тунду тезаст, чун хӯриш истифода мебаранд; иштиҳоовар буда, узвҳои ҳозимаро пурқувват мекунад. Барги хардал то 400 мг фоиз витамини С, каротин, равғани эфир, намакҳои калсий ва оҳан дорад. Баъзе навъҳои бехмевадори хардалро чун шалғам истеъмол мекунанд. Хардал ро Закариёи Розӣ, Абӯҳанифаи Диноварӣ, Абӯрайҳони Берунӣ ва Абӯалии Снно гиёҳи доруӣ ҳисобидаанд. Масалан, Сино бо хардал илтиҳоби асаб, дарди гӯш ва ғардалро табобат кардааст. Дар «Махзан-ул-адвия»-и Муҳамад Ҳусайн ба хунукмиҷозон, ки иллати меъда доранд, муфид будани хардал зикр шудааст.
Хардал (1), гул (2), мева (3), реша (4). гилофак (5).
Хардал зироати муҳимми равғандори мамлакати мост. Донаш 24—27 фоиз равған дорад. Равғани хардалро дар қаннодӣ, нонпазӣ, консерв фаровон истифода мебаранд. Кунҷораи хардалро, ки то 12 фоиз равған ва 36 фоиз моддаҳои нитрогенӣ дорад, ба хӯроки чорво илова мекунанд. Аз кунҷораи судаи он хӯриш тайёр менамоянд. Равғани эфири хардал (дар донаш 0,5—4,7 фоиз) хусусияти зиддимикробӣ дорад. Гули хардал сершаҳд аст. М. Хоҷиматов.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …