Маълумоти охирин

ХАРДАЛ

ХАРДАЛ, хардал (Вгаssica junsea), гиёхи яксолаест аз оилаи чилликгулхо. Пояаш сершох, аз 50 то 150 см кад мекашад. Гулаш майдаи зард, гилофакаш зугуташакл, нугаш борики дарафшмонанд, тухмаш майда, зардтоб, чигари ё сиёхтоб (вазни 1000 донааш 1,8—4,5 г).

xardal
Xардал зироати сармобардор аст. Давраи нашваш (барои дон) 90—140 руз; барги навъхои сабзавотии онро баъди 20—30 рузи нешзани мегундоранд. Баргашро, ки тунду тезаст, чун хуриш истифода мебаранд; иштихоовар буда, узвхои хозимаро пуркувват мекунад. Барги хардал то 400 мг фоиз витамини С, каротин, равгани эфир, намакхои калсий ва охан дорад. Баъзе навъхои бехмевадори хардалро чун шалгам истеъмол мекунанд. Хардал ро Закариёи Рози, Абуханифаи Диновари, Абурайхони Беруни ва Абуалии Снно гиёхи доруи хисобидаанд. Масалан, Сино бо хардал илтихоби асаб, дарди гуш ва гардалро табобат кардааст. Дар «Махзан-ул-адвия»-и Мухамад Хусайн ба хунукмичозон, ки иллати меъда доранд, муфид будани хардал зикр шудааст.
Хардал (1), гул (2), мева (3), реша (4). гилофак (5).
Хардал зироати мухимми равгандори мамлакати мост. Донаш 24—27 фоиз равган дорад. Равгани хардалро дар канноди, нонпази, консерв фаровон истифода мебаранд. Кунчораи хардалро, ки то 12 фоиз равган ва 36 фоиз моддахои нитрогени дорад, ба хуроки чорво илова мекунанд. Аз кунчораи судаи он хуриш тайёр менамоянд. Равгани эфири хардал (дар донаш 0,5—4,7 фоиз) хусусияти зиддимикроби дорад. Гули хардал сершахд аст. М. Хочиматов.

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАХО

САФЕДАХО, протеинхо, моддахои органикии калонмолекулаи табииеро гуинд, ки аз аминокислотахо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …