Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / ХАБАРОВСК

ХАБАРОВСК

ХАБАРОВСК, кишварест дар ҳайати РСФСР. Таъсисаш 20 октябри 1938. Масоҳат 824,6 ҳазор км2. Аҳолиаш 1695 ҳазор нафар (4984), аҳолии шаҳрӣ 80%. 22 р-ии маъмури, 9 шаҳр ва 43 птш дорад. Ба ҳайати кишвар инчунин Вилояти Автонамии Яҳудиён, дохил мешавад. Марказаш шаҳри Хабаровск.
Дар Шарқи Дур воқеъ аст; аз шарқ бо баҳри Охота ва гулугоҳи Татар иҳота мебошад. Қисми зиёди ҳудуди вилоятро қаторкӯҳҳои Сихотэ-Алин, Ҷугҷур ва Сунтар-Хаята (баландиаш то 2889 м) ишғол кардаанд. Иқлим мӯътадили муссонист.

xabarovsk

Ҳарорати миёнаи январ аз-16 то —40°С, июл 14—24вС. Боришоти солона 500—900 мм. Дарёи асосӣ — Амур. Хоки заминаш чимтолию хокистартоб, ботлоқӣ ва бӯри бешагӣ. Бешаҳои сӯзанбаргу даҳнбарг (бо намудҳои флораи манчжурӣ) мавҷуданд. Мамнӯъгоҳҳояш: Болыпехехсирск ва Комсомолск.
Xабаровск ба ноҳияи иқтисодии Шарқи Дур дохил мешавад. Соҳаҳои асосии саноаташ: мошинсозӣ ва коркарди металл (истеҳсоли киштиҳои баҳрӣй ва дарёӣ, дастгоҳҳо, трансформаторҳо, компрессорҳо, мошинҳои хоҷагии қишлоқ ва ғайра), металлургияи сиёҳ, ҷангал, чӯбкорӣ, селлюлозаю коғаз, саноати истихроҷи сарватҳои табиӣ(ангишт, маъдани металлҳои ранга ва ҒАЙРА) , моҳӣ, коркарди нефт (қубури нефтгузари Оха — Комсомолски Амур). Марказҳои асосии саноат: Хабаровск, Комсомолски Амуо. Биробиҷон, Советская Гаван, Николаевски Амур, Амурск. Гандум, ҷав. ҷавдор, соя ва ғайра мекоранд. Чорвои гӯшту ширдеҳ (гов, гавазн, хук), мургу мурғобӣ, занбӯри асал мепарваранд. Хоҷагиҳои шикори ҳайвоноти мӯйинадор мавҷуданд. Аз қисми ҷанубии кишвар роҳи оҳани Байкалу Амур мегузарад. Нақлиёти баҳрӣ ривоҷ ёфтааст. Бандарҳояш: Ванино, Комсомолски Амур. Дар дарёи Амур киштиҳо мегарданд. Курортҳо: Кулдур, Чашмаҳои минералии Анненск. Бо ордени Ленин мукофотонида шудааст (1965).

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …