Маълумоти охирин

ҒУРАК

ҒУРАК (ovarium), қисми поёнии васеъшудаи тухмдони гулро гуянд, ки дар ҷавфи он тухммуғча инкишоф меёбад (ниг. низ Гул). F. қисми муҳимтарини гул буда, афзоиши тухмии растаниро таъмин менамояд. F. болоӣ (озод), поёнӣ (пайваст) ва нимпайваст мешавад. Ғ-и болоӣ бо дигар қисмҳои гул пайваст набуда, дар нуги гулбанд (гулпоя) ҷойгир аст. F.-и поёнӣ аз гул поён ҷойгир буда, дигар қисмҳои гул бо нуги он пайванданд. F.-и нимпайваст бо гулбанд ё буни қисмҳои дигари гул пайваст шудааст. F.-и болоӣ бештар ба растаниҳои нисбатан оддӣ (яаккамуриҳо, ғазнагулҳо ва ғ.) ва F.-и поёнӣ ба растаниҳои муташаккили мураккабгулҳо, шапалакгулҳо ва ғ. хос аст.

gmcha

Ҷавфи F.-po одатан девораҳо ба паллаҳо ҷудомекунанд. Вобаста ба миқдори паллаҳо F. якпалла (ҷавфи F. девораҳо надорад), дупалла, сепалла ва серпалла шуда метавонад. Хусусиятҳои асосии сохти F., аломатҳои морфологии он барои тафсири пайдоиш ва таҳаввулоти растанӣ аҳамияти калон доранд.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …