ҒОРИ ХОҶА ИСҲОҚ, ғори қадимиест, ки дар баландкуҳи болои деҳаи Махшевади p-ни Айнии вил. Ленииобод воқеъ аст. Дар Ғ. X. И. устухони аз миён болои одам боқӣ мондааст. Бино ба ривояте ин устухони Хоҷа Исҳоқ ном руҳонӣ будааст. Номи у дар «Маноқиби Хоҷа Исҳоқ» ном асари маҷҳул муаллифе зикр ёфтааст. Аз руи ахбори ин муаллиф Хоҷа Исҳоқ аз Ҳамадон бо ёронаш баромада, дар роҳи Самарқанд гуё ба таъқиби Ҳуҷҷоч дучор шудааст. Аз ин таъқибкуниҳо с-ҳои 70 а. 8 (баъди 142 соли вафоти Муҳаммад) дар ғори ҳамон куҳ паноҳ мебарад ва Ғ. X. И. ном гирифтани ин ғop низ аз ҳамин ҷост. Вале ин ривоят асосе надорад, зеро сарлашкар ва ҳокмми араб Ҳуҷҷоч ҳануз дар авв. а. 8 фавтидааст. Скелети боқимонда аз они шахсест, ки ба сабаби номаълуме дар ғop пинҳон шудааст; ё худ шикорчие будааст, ки ҳодисаи тасодуфӣ риштаи ҳаёти уро кандааст.
Ад. Мухторов А., Мазорҳо чҷ тавр пайдо шудаанд? Д , 1974.
А. Мухторов.