Маълумоти охирин
Главная / Биология / ФУНДУҚИҲО

ФУНДУҚИҲО

ФУНДУҚИҲО, финдиқиҳо (Соrуlaсеае), як оилаи буттаву дарахтонро гӯянд; баъзан фундуқиҳоро зероилаи тӯсиҳо меҳисобанд. Фундуқиҳо гули якҷинса, хушагули «гӯшворашакл» доранд. Ҷинси растаниҳои граб, хмелеграб, остриопсис ва фундуқ (60 намуд)-ро дар бар мегиранд.

funduk

Онҳо асосан дар ноҳияҳои ғаиритропикии Нимкураи Шимолӣ меруянд. Дар республикаи мо фақат фундуқ мерӯяд. Баъзе навъҳои боғии фундуқ ва ғарб (Сагрinus bеtиlиs)-ро дар Боғи ботаникии институти ботаникаи Академияи Фанҳои РСС Тоҷикистон мепарваранд.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …