Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ФРЕНЕЛ Огюстен Жан

ФРЕНЕЛ Огюстен Жан

ФРЕНЕЛ (Ғrеsnеl) Огюстен Жан (10. 5. 1788, Броля —44. 7. 1827, Вил-д’Авре, назди Париж), физики франсавӣ, яке аз асосгузорони оптикаи мавҷӣ. Аъзои Академияи Фанҳои Париж (аз соли 1823) ва аъзои Ҷамъияти шоҳии Лондон (аз соли 1825). Дар асоси фарзияи хосияти мавҷӣ доштани рӯшноӣ назарияи интерференсия ва дифраксияро ба вуҷуд овард. Принсипи Гюйгенс — Френелро ба асос гирифта, паҳншавии ростхаттаи рӯшноиро шарҳ дод, поляризасия ва шикасти дукаратаи рӯшноиро санҷид ва кӯндалангии мавҷи рӯшноиро исбот кард. Дар асоси назарияи мавҷии рӯшиоӣ формулаи интенсивияти рӯшноии аз сатҳи ҷудокунандаи ду муҳити шаффоф шикастаро кор карда баромад (формулаҳои Френел, 1823). Френел барои мушоҳидаи интерфереясияи мавҷи рӯшноӣ таҷҳизоти махсуси олтикӣ — оина ва линзаҳоеро сохт, ки ба номи ӯ гузошта шудаанд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …