Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ФОЗИЛОВ Муллоҷон Фозилович

ФОЗИЛОВ Муллоҷон Фозилович

ФОЗИЛОВ Муллоҷон Фозилович (15. 9. 1914, Конибодом —1. 7. 1977, душанбе), забоншиноси советии тоҷик, аъзо-коррспонденти Академияи Фанҳои Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон (1952), Ходими Хизматнишондодаи Илми РСС Тоҷикистон (1974). Аз оилаи косиб. Аъзои КПСС аз соли 1944.
Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—45). Университети давлатии Ленинградро хатм кард (1940). Мудири кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Университети Давлатии Тоҷикистон (1950—51), директори Институти забон ва адабиёти Академияи Фанҳои Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон (1951—58) ва ходими калоли илмии ҳамин институти (1958—77). Асарҳои Фозилов тадқиқи грамматика, фразеология ва паремиологияи забони адабии тоҷикро дар бар мегиранд: «Калимаҳои тасвири дар забони тоҷикӣ» (1956), «Фарҳанги ибораҳои рехтаи забони ҳозираи тоҷик» (ҷилди 1, 1963, ҷилди 2, 1964), «Фарҳадги зарбулмасал, мақол ва афоризмҳои тоҷикию форсӣ» (ҷилди 1, 1975, ҷ. 2, 1977) ва ғайра. Фозилов муаллифи китобҳои дарсии забони тоҷикӣ барои мактабҳон миёна, яке аз муаллифони «Грамматикаи забони тоҷикӣ» (барои мактабҳои олӣ) мебошад. Бо ордени Ҷанги I Ватанӣ, «Нишони Фахрӣ» ва медалҳо мукофотонида шудааст.
В. Капранов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …