Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ФОРОБӢ Абӯнаср Муҳаммад ибни Тархон

ФОРОБӢ Абӯнаср Муҳаммад ибни Тархон

ФОРОБӢ Абӯнаср Муҳаммад ибни Тархон (873, Фороб—950, Димишқ), олими энсиклопедист ва файласуфи Шарқи Наздику Миёна. Форобӣ дониши ибтидоиро дар зодгоҳаш деҳаи қадимаи Фороб гирифта, сипас барои такмили илм ба Бухоро ва Бағдод сафар кард. Илми фалсафаро дар назди донишмандони давр Абӯбишри Матто ва Юҳанно ибни Хайлон омӯхт.

Форобӣ пас аз хатми таҳсил ба як қатор шаҳру мамлакатҳои дигари араб, аз қабили Димишқ, Ҳалаб, Ҳеррон, Миср ва ғайра сафар карда, бо комёбиҳои илмию фалсафии ин шаҳру кишварҳо шинос шуд. Чун олими забардаст ва муаллими сонӣ (пас аз Арасту) шӯҳрат ёфт. Маҳз дар ҳамин давр ӯ асарҳои файласуфони машҳури Юнони Қадим — Демокрит, Афлотун, Арасту, Буқрот (Гилпократ), Афлутин (Плотин), Фарфириус (Порфирий), Уқлидус (Евклид), Батлимус (Птоломей) ва дигаронро мутолиа намуда, аксарияти онҳоро тафсир кард. Солҳои охири ҳаёти худро дар Димишқ ва Ҳалаб ба таълиму таълиф гузарондааст.

Бино ба маълумоти муҳаққиқон Форобӣ зиёда аз 160 асар таълиф намудааст. Як қисми асарҳояш ба шарҳу тафсири таълифоти фалсафии файласуфони давраи атиқа мансубанд. Масалан ӯ ба «Метафизика», «Этика», «Риторика», «Софистика»-и Арасту шарҳ навишта, зимни тафсири масъалаҳои фалсафӣ назари худро низ баён намудааст. Асарҳои Форобиро маъмулан ба чанд гурӯҳ ҷудо мекунанд. Гурӯҳи умдаи асарҳои мутафаккир («Калом фил-ақл-ил-кабир», «Китоб фил-ақл-ис-сағир», «Китоб-ул-мухтасар-ил-кабир фил-мантиқ», «Китобул-бурҳон», «Рисола фи моҳинт-ин-нафс», «Калом фил-ҷавҳар», «Уюнул-масоил» ва ғайра) ба масъалаҳои мантиқу фалсафа оиданд. Дар як қатор асарҳои ӯ («Китоб фи усули илм-ит-табиа», «Китоб ул-мадхал фил-ҳисоб», «Мақола фи вуҷуби саноат-ил-кимиё вар-радд-ало мубтилиҳо» ва ғайра) масъалаҳои табиию илмӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд. Бисёр асарҳои ӯ ба мавзӯи иҷтимоию сиёсӣ («Китоб-ул-мадинатил-фозила», «Ас-сиёсат ул-мудуния» ва ғайра), ахлоқ («Рисолат-ул-ахлоқ»), назарияи мусиқӣ («Китоб-ул-мусиқа-ал-кабир») ва ғайра мансубанд.

Дар таълимоти фалсафиаш Форобӣ системаи маротиби вуҷудрр аз шаш мартаба иборат медонад ва мӯътақид аст, ки ҳамаи онҳо бо якдигар робитаи сабабӣ доранд. У тамоми маротиби ҳастиро ба ду гурӯҳ ҷудо намуда, гурӯҳи аввалиро имконулвуҷуд ва гурӯҳи дуюмро воҷибулвуҷуд меномад. Мавҷудиягги ҳар як ашё, мувофиқи таълимоти мутафаккир, ба сабабе вобаста аст ва тавассути он аз ҳолате (қувна) ба ҳолати дигар (феъл) мегузарад.

Силсилаи сабабият дар таълимоти Форобӣ беинтиҳо нест, бояд ба сабабе хотима ёбад, ки он сабаби мавҷудияти ҳамаи ашё бошад. Ин нуктаи таълимоти ӯ аз вуҷуд доштани сабаби аввал — воҷибулвӯҷуд шаҳодат медиҳад. Пас, сабаби аввал худо аст. Дар натиҷаи таҷаллии он ҳамаи дигар ашё ва ҳодисаҳои олами улвию сифлӣ ба вуҷуд меоянд. Бино ба сабаби азалию қадим будани вуҷуди воҷиб ҳамаи мавҷудоте, ки аз он бармеоянд, чун натиҷаи ҳастии ӯ азалию қадиманд. Форобӣ дар таълимоташ роҷеъ ба масъалаи ҳастӣ ҳамзамонии худою табиатро дар асоои принсипи сабабият эътироф карда, бо амри зарурат ба вуҷуд омадани табиатро таъкид мекунад. Ин ақидаи ӯ кӯтоҳии дасти муқтадири худоро бар домони табиат нишон медиҳад, ки ба муқобили таълимоти дини монотеистии ислом равона шуда буд. Маҳз барои ҳамин ҳам Муҳаммади Ғазолӣ таълимоти Форобиро аз мавқеи дин ҳадафи танқид қарор додааст.

Ба ақидаи Форобӣ, аҷсоми модди ба шаш қисм ҷудо мешаванд: ҷисмҳои осмони, инсон, ҳайвонот, наботот, маъданҳо, чор унсур (оташ, бод, хок, об). Чаҳор унсур мабдаи ашёи моддист. Ашёи моддӣ аз моддаю сурати ҷисмӣ таркиб меёбанд. Таълимоти Форобӣ роҷеъ ба модда ва сурат аз унсурҳои диалектикӣ озод нест. Файласуф алоқамандии моддаю сурати ҷисмиро эътироф намуда, таносуби онҳоро ба робитаи ҷавҳару араз шабоҳат медиҳад. Ба ақидаи ӯ, ҷавҳар ба ҳеҷ чиз иӯҳтоҷ яест, лекин араз мӯҳтоҷи ҷавҳар аст. Аразу сурат як чиз нестанд, чунки араз тағйирпазир, сурат бошад, устувортар аст. Он дигаргуние, ки дар араз рӯй медиҳад, моҳияти ҷавҳарро тағйир намедиҳад.

Дар шарҳи ҳаракати материя Форобӣ асосан тарафдори ақидаи Арасту буд. Вай мутаҳаррик будани ашьёро эътироф мекард ва ҳаракати даврии ҷирмҳои осмониро сабабу манбаи ҳаракати ҷисмҳои заминӣ пиндошта, ба ҷисмҳои муқаррарӣ ҳаракати миқдорӣ ва ростхаттаро нисбат медод, ки онҳо боз ба марказгурезу марказшитоб ҷудо мешаванд. Ҳаракати ҷисмҳои мураккаб аз ҳаракати ҷисмҳои соддаи муқаррарӣ фароҳам меояд. Форобӣ ба маркази худ майл кардани ҷисмҳоро ҳамчун ҳаракати табиии анҳо эзоҳ медод. У ҳаракатро ба маънои васеаш ҳамчун тағйири умумӣ мефаҳмид. Бо вуҷуди ҷанбаи метафизикӣ доштанаш ин ақидаи Форобӣ аз аҳамият холӣ нест. Зеро ӯ кӯшиш намудааст, ки дар заминаи дониши асримиёнагӣ манбаи табиии ҳаракатро ошкор намояд. Форобӣ объективияти макону замонро эътироф мекард: ҷисмҳо дар макону замон мавҷуданд. Макону замон шаклҳои умумӣ ва зарурии ҳастии олами моддианд. Файласуф маконро имконияти ҳаракати ҷисмҳо шуморида, мавҷудияти макони беҳаракат ва ҳаракати бемаконро инкор мекард. Ин андешаи Форобӣ хилофи ақидаи калом буд, ки мутобиқи он ҳастии хало (макони холӣ) эътироф карда мешуд. Мутафаккир ҳастии замонро низ эътироф намуда, онро мисли Арасту қадиму беибтидо мешумурд. Ба андещаи ӯ замон алоқаманди вақт аст. Агар ҳаракат набошад, замон ҳам нест. Ҷисмҳо ҳамеша дар ҳаракат буда, замон онро андоза мекунад.

Дар шарҳи муносибати нафсу тан Форобӣ дар байни материализм ва идеализм мекалавид. У пеш аз ҷисм вуҷуд доштани нафсро эътироф намекард. Мувофиқи андешаи Форобӣ нафс баробари ҷисм пайдо ва бо фасоди ҷисм нест мешавад. Вай бар хилофи Афлотун ягонагии нафсу ҷисми инсонро эътироф менамуд. Форобӣ олами зинда ва ғайризиндаро бо ҳам муқоиса намуда, тафовути сифатии онҳоро ошкор кардан мехост. Ба ақидаи ӯ, олами зинда (наботот, ҳайвонот ва инсон) хосияту қобилиятҳое дорад, ки дар ашё ва ҳаводиси олами ғайризинда мушоҳида намешаванд. Чунончи, наботот ғизо гирифта меафзояд. Ҳайвонот ва инсон ғайр аз ғизо гирифтану афзудан, таъсири ҳодисаҳои олами беруниро низ дарк мекунанд. Инсон дорои ақл аст: «Инсон бо хислатҳои хоси худ аз тамоми ҳайвонот фарқ мекунад, зеро ӯ дорои нафсест, ки аз вай қувваҳои ба имдоди узвҳои ҷисмонӣ амалкунанда ҳосил мешаванд. Ғайр аз ин дар вай қуввае ҳаст, ки ба. воситаи узви ҷисмонӣ амал мекунад. Ин қувва ақл аст».

Форобӣ нафсро ба се навъ: наботӣ, ҳайвонӣ ва инсонӣ ё нотиқа ҷудо намудааст. Вазифаи нафси инсонӣ, ки ақл хосияти он аст, маърифати моҳияти ашё мебошад. Форобӣ ба донисташавандагии олам шубҳа надошт.

Форобӣ ибтидои донишро таассурот мешумурд, ки он аз ашёи беруна туфайли эҳсос ҳосил мешавад. Дар натиҷаи ба узвҳои ҳисс (босира, сомеа, шомма, зоиқа ва ломиса) таъсир расонидани ашёву ҳаводис дар нафс образи субъективии ашёю ҳодисаҳо пайдо мешавад. Инсон тавассути ҳиссиёт дар бораи сифат ва хосияти ашёи табиӣ дониши муайян пайдо мекунад. Эҳсоси мо дар бораи олам маълумоти конкретии бешумор медиҳад, ки бе онҳо маърифат имконнопазир аст. Инсон туфайли узвҳои ҳис хосиятҳои мухталифи ашёро акс намуда, аз монандию тафовути онҳо огоҳ мешавад. Дар зинаи якуми маърифат образи чизҳо, эҳсос пайдо мешавад. Дар шарҳи моҳияти эҳсос Форобӣ ҳамфикри Арасту буд.

Ҷараёни маърифат аз нуқтал назари Форобӣ бо маърифати ҳиссӣ хотима намеёбад. Маърифати ҳиссӣ моҳияти ашьё, қонунҳои инкишофи онҳо ошкор намекунад. У ин вазифаро ба ухдаи тафаккури мантиқӣ мегузошт. Фақат ба туфайли тафаккури мантиқӣ инсон хосияти дохилии предметҳо ва моҳияташон, қонунҳои инкишофи ҳодисаҳоро дарк хоҳад кард. Тавассути тафаккур инсон на танҳо ҳозир, балки гузашта ва ояндаро низ дарк менамояд. Тафаккури мантиқи ҳангоми маърифат маълу, моти ҳиссиётро истифода мебарад.

Файласуф ҳиссиёт ва ақлро ду зинаи муҳимми просесси маърифат донистааст. Агар эҳсос хосиятҳои зоҳирӣ ва аломатҳои ҷузъии ашёро акс намояд, ақл хусусиятҳон муҳимми ашё ва моҳияти онҳоро дарк мекунад.

Назарияи маърифати Форобӣ бо мантиқаш узван алоқаманд аст. Ӯ мантиқро илми маърифати ҳақиқат меномид. Ба фикри ӯ категорияҳои мантиқ бояд ба ҳақиқати ашё мувофиқат кунанд.

Дар таълимоти Форобӣ масъалаҳои иҷтимоию сиёсй мавқеи муҳим доранд. Алалхусус масъалаи саодат, озодии ирода, пайдоиш ва вазифаҳои давлат, шаклҳои давлатдорӣ ва некахлоқӣ мавриди тадқиқи ҷиддӣ қарор гирифтааст. Форобӣ дар байни мутафаккирони асрҳои миёна аввалин шуда дар бораи тараққиёти ҷамъият изҳори ақида намудааст, ки он қатъи назар аз хусусияти идеалистӣ, дар инкишофи минбаъдаи афкори иҷтимоӣ нақши муайян гузошт.

Мутафаккир такомули ҷамъиятро бо «нуфуси нормаҳои ахлоқ дар байни аъзоёни он алоқаманд мекунад. Хирадмандиро сифати баланди ахлоқ дониста, ягонагии онро бо рафтор ва амал, эҳтироми тарафайни аъзоёни ҷамъият, адолат, муҳаббат, ростгӯӣ, дурандеши ва ғайра зикр мекунад.У дар айни замон сифатҳои разилаи ахлоқӣ, аз қабили фиребгарӣ, беадолатӣ, ҷоҳилӣ, дуруғгӯӣ, хасисӣ, тамаъкорӣ, кӯшиши сарватғункуниро мазаммат мекунад. Ба ақидаи Форобӣ инсон дар амалиёти худ фаъол аст, тақдири ӯ азалӣ нест ва ба худаш вобастагӣ дорад. Инсон саодати худро бояд бо фаъолияти худ таъмин намояд. Одамон аз рӯзи таваллудашон бо ҳамдигар баробаранд, вале бо таъсири муҳит тарбияи яке бо роҳи нек ва дигаре бо роҳи бад сурат мегирад. Дар ҳақиқат ҳамаи онҳо дар ҳолати рағбат, хоҳиш ва орзу саодатманд шуда метавонанд. Саодатмандӣ ба худи одамон вобаста аст. Таълимоти Форобӣ дар бораи саодат, инкишофи маънавии инсон ва озодии иродаи ӯ ба пайравонаш Ибни Сино, Ибни Туфайл, Берунӣ ва дигарон таъсир расонидааст. Онҳо ғояҳои пешқадами Форобиро қабул карда, ба аҳкоми динӣ муқобил баромаданд. Форобӣ айбу иллати замонашро танқид кунад ҳам, сабабҳои моддии онро дарк накардааст. Аз ин ру, сабаби бедодӣ ва ҷаҳолатро дар сустии ахлоқу одоби одамон меҷӯяд.

Дар таълимоти фалсафии Форобӣ ақидаҳои эстетикӣ мавқеи хос доранд. Зимни баёни ақидаҳои иҷтимоию сиёсиаш мутафаккир ба категорияҳои муҳимми эстетикӣ аҳамият додааот. Файласуф дар рисолаи «Китоб-ут-танбеҳ ало сабили-с-саодат» бахтро дараҷаи камолоти инсонӣ медонад, ки ҳар фард барои ба он расидал бояд кӯшиш кунад.

Асар: О разуме и науке , Алма-Ата, 1975; Философские трактаты, Алма-Ата, 1972; Математические трактаты, Алма-Ата 1972; Социально-этические трактаты, Алма-Ата 1973; Логические трактаты, Алма-Ата, 1975;

Адабиёт: А Содиқов, Ганҷинаи ахлоқ, Душанбе, 1984;Богоутдинов А.М., Очерки по истории таджикской философии, Сталинабад, 1961; Григорян С.Средневековая философия народов ближнего и Среднего Востока, Москва, 1966; Гафуров Б.Г. Касимжанов А.Х. Ал-Фараби в истории культуры, Москва, 1975; Хайруллаев М.М. Абу Наср ал Фараби, Москва 1982; Социальные, этические взгляды Аль-Фараби, Алма-Ата, 1984. А Содиқов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …