ФОРМАСИЯИ ҶАМЪИЯТИЮ ИҚТИСОДӢ, зинаи махсуси инкишофи муайяни ҷамъиятро гӯянд. Категорияи формасияи ҷамъиятию иқтисодӣ ҳамаи соҳаҳои баҳам алоқамавди ҳаёти ҷамъиятро дар бар мегирад. Заминаи ҳар як формасияи ҷамъиятию иқтисодӣ тарзи муайяни истеҳсолот аст, моҳияти онро муносибатҳои истеҳсолӣ ташкил мадиҳанд, дар айни ҳол он надстройкаи муайян, шаклҳои муайяни маишат, оила, тарзи ҳаёт ва ғайра дорад. Ҳар як формасияи ҷамъиятию иқтисодӣ қонунҳои хоси пайдоишу инкишофи худро дорад. Ин қонунҳо дорои хусусиятҳои таъринхию миллӣ буда, барои зинаи муайяни таърихии ҳамаи мамлакатҳо якхелаанд. Дар ҳар як формасия қонунҳои умумӣ амал мекунанд, ки онҳоро ба просесси ягонаи таърихи ҷаҳонй алоқаманд менамоянд. На хамаи мамлакатҳо ва халқҳо дар ҷараёни инкишофи худ ҳамак формасияҳо ё фазаҳои онҳоро тай мекунанд. Баъзе халқҳо (масалан, германҳои қадим, славянҳо) формасияи ғуломдориро нагузаштаанд. Дар шароити ҳозира бисёр халқҳо бо роҳи ғайрикапиталистии тараққиёт ба сосиализм меоянд. Назарияи формасияи ҷамъиятию иқтисодӣ дар материализми таърихӣ мавқеи мухим дорад: он имкон медиҳад, ки нисбат ба ҷамъият меъёри умумимиллии тағйири доимиро истифода бурда, тавассути он қонуниятҳои ҳодисаю воқеаҳои таърихиро муайян кунанд ва онҳоро мавриди таҳлили илмӣ қарор диҳанд; он аҳли башарро ба хулосаи ногузирии мурда рафтани капитализм ва тантанаи коммунизм оварда мерасонад.