Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ФОРИҒИ БАДАХШОНӢ

ФОРИҒИ БАДАХШОНӢ

ФОРИҒИ БАДАХШОНӢ (Маҳмудбек (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири тоҷик (асри 17). Бародарзодаи Муллошоу Шоҳмуҳаммади Бадахшонӣ. Дар Кашмир зиндагӣ ва эҷод кардааст. Ба қавли тазкиранависон (масалан, «Тазкираи шуарои Кашмир»-и Аслаҳ) соҳибдевон будааст, вале девонаш дастрас нагардидааст. Абёти парокандаи ғазалиёту қасоидаш боқист. Намунаҳо аз шеъря Фориғи Бадахшонӣ:
Бувад аз пухтани ҳар мева ширин, лек ҳайронам,
Ки то хом аст, дорад лаззате себи занахдонаш.
Дар оина гар зулфи хеш дида боши,
Ту ҳам бар худ, эй шӯх, печида бошӣ,
Адабиёт: Ҳабибов А., Ганҷи Бадахшон,
Душанбе, 1972. А. Ҳабибов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …