ФОНОЛОГИЯ (аз юнонӣ phone — овоз ва …логия), як шӯъбаи забоншиносӣ, илмест, ки сохт ва амали воҳидҳои хурдтарини аз маъно маҳрумбудаи забон (ҳиҷоҳо, фонемаҳо) ва вазифаи онҳоро дар нутқ ҳамчун ҷузъҳои воҳидҳои мураккаби маънодор (морфемаҳо, калимаҳо) меомӯзад. Фонология бо ҳамин хусусияташ аз фонетика фарқ мекунад. Фонология омилҳои таҷзияи ҷараёни нутқ ва ҷудо кардани фонемаро ошкор мосозад (тафриди ҳамнишинии фонема); масъалаи вариантнокии фонемаро омӯхта, сабабҳои дар ҷараёни нутқ ба шакли аллофонҳо (бо истилоҳи дигар—тобишҳо, вариантҳо ва вариасияҳо) зоҳир шудани онро муайян менамояд; муҳитеро, ки дар он нисбати аллофонҳо ба фонема муайян карда мешавад, равшан мекунад (тафриди ҷонишинии фонема).
Ба фонология ҳамчун таълимот дар бораи фонема забоншиноси рус ва поляк И. А. Бодуэн де Куртенэ (1845— 1929) асос гузошт. Вай дар солҳои 70 асри 19 мафҳуми фонемаро ба вуҷуд оварда, байни он ва овози нутқ фарқ гузошт. Дар инкишофи баъдинаи назарини фонема шогирди Бодуэн Л. В. Шерба саҳми калон дорад.
Дар Иттифоқи Советӣ дар фонология ду ҷараёни асосӣ амал мекунад: мактаби Шерба (гоҳо мактаби Ленинград ҳам меноманд) ва мактаби фонологии Москва (МФМ). Ин мактабҳо мафҳуми фонемаро ҳар хел шарҳ медиҳанд. Дар мактаби Шерба фонема воҳиди мустақил буда, бо ҳамин хусусияташ ҳамеша ва аз ҷумла, дар ҳолати заиф (нейтрализасия) шинохта мешавад. Аз диди МФМ фонема як ҷузъи морфема аст ва танҳо дар ҳолати қавӣ зуҳур мекунад.
Л. Зиндер, Т. Хаскашев.
Tags Забоншиносӣ
Инчунин кобед
САХАРИМЕТРИЯ
САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …