Маълумоти охирин
Главная / Илм / ФОНОЛОГИЯ

ФОНОЛОГИЯ

ФОНОЛОГИЯ (аз юнони phone — овоз ва …логия), як шуъбаи забоншиноси, илмест, ки сохт ва амали вохидхои хурдтарини аз маъно махрумбудаи забон (хичохо, фонемахо) ва вазифаи онхоро дар нутк хамчун чузъхои вохидхои мураккаби маънодор (морфемахо, калимахо) меомузад. Фонология бо хамин хусусияташ аз фонетика фарк мекунад. Фонология омилхои тачзияи чараёни нутк ва чудо кардани фонемаро ошкор мосозад (тафриди хамнишинии фонема); масъалаи вариантнокии фонемаро омухта, сабабхои дар чараёни нутк ба шакли аллофонхо (бо истилохи дигар—тобишхо, вариантхо ва вариасияхо) зохир шудани онро муайян менамояд; мухитеро, ки дар он нисбати аллофонхо ба фонема муайян карда мешавад, равшан мекунад (тафриди чонишинии фонема).
Ба фонология хамчун таълимот дар бораи фонема забоншиноси рус ва поляк И. А. Бодуэн де Куртенэ (1845— 1929) асос гузошт. Вай дар солхои 70 асри 19 мафхуми фонемаро ба вучуд оварда, байни он ва овози нутк фарк гузошт. Дар инкишофи баъдинаи назарини фонема шогирди Бодуэн Л. В. Шерба сахми калон дорад.
Дар Иттифоки Совети дар фонология ду чараёни асоси амал мекунад: мактаби Шерба (гохо мактаби Ленинград хам меноманд) ва мактаби фонологии Москва (МФМ). Ин мактабхо мафхуми фонемаро хар хел шарх медиханд. Дар мактаби Шерба фонема вохиди мустакил буда, бо хамин хусусияташ хамеша ва аз чумла, дар холати заиф (нейтрализасия) шинохта мешавад. Аз диди МФМ фонема як чузъи морфема аст ва танхо дар холати кави зухур мекунад.
Л. Зиндер, Т. Хаскашев.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …