Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ФОМАИ МЕСОПӢ

ФОМАИ МЕСОПӢ

ФОМАИ МЕСОПӢ (соли тавалуд номаълум — вафот 1449, Эчмиадзини Арманистон), муаррих ва руҳонии арман. Аз оилаи ашроф ва рӯҳонӣ. Маълумоти ибтидоиро дар мактаби назди дайри Сухара гирифтааст. Баъд таҳсилро дар мактаби дайри Месоп идома дода, дар ин дайр 60 сол зиндагӣ кард, соҳили лақаби Месопӣ ва бо мурури замон роҳиби ин дайр шуда, 35 сол дар он ҷо дарс дод. Фомаи Месопӣ шоҳиди забткориҳои Темур дар Шарқи Наздик, хусусан дар Закавказия буд (солҳои 1388—1446). Фомаи Месопӣ муаллифи асари «Таърихи Темури Ланг ва ворисони ӯ» буд. Аз осори Фомаи Месопӣ маълум мешавад, ки он замонҳо дар Закавказия ва хусусан Арманистон бисёр ноҳия ва деҳаҳои тоҷикнишин ва ё шаҳру деҳаҳое будаанд, ки тоҷикону арманиҳо зиндагӣ карда, ба муқобили бедодгариҳои Темур якҷоя мубориза мебурдаанд. Осори Фомаи Месопӣ барои муайян намудани равобити қадимаи халқҳои арману тоҷик аҳамияти калон дорад.
Адабиёт: Фома Метсопски. Теймурланкин таърихи, Боку, 1057.
У. Назиров.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …