ФЛОТАСИЯ (франсузӣ Flotation, аз floter — дар рӯи об шино кардан), просесси ҷудо намудани заррачаҳои хурди сахт (асосан минералҳо)-ро гӯянд, ки аз ҷиҳати дар об тар шуданашон аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Ҳангоми тоза кардани сарватҳои табиӣ флотасияи кафкиро истифода мебаранд. Дар ин ҳол заррачаҳои минералӣ бо ҳубобчаҳои об як шуда ба рӯи об мебароянд ва қабати кафкнокро ҳосил мекунанд.
Инчунин кобед
САХАРИМЕТРИЯ
САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …