Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ФИХТЕ Иоганн Готлиб

ФИХТЕ Иоганн Готлиб

ФИХТЕ (Fichte) Иоганн Готлиб (19. 5. 1762, Рамменау—29. 1. 1814, Берлин), файласуф ва ходими ҷамъиятӣ, намояндаи идеализми классикии немис. Солҳои 1794—99 Фихте профессори Университети Йен буд, баъди тарғиботи мулҳидонааш аз университети мазкур ронда шуд. Дар «Хитобаҳои расмӣ ба миллати немис», халқро ба таҷдиди ахлоқ ва муттаҳид шудан даъват намуд. Соли 1800 ба Берлин омад ва 1810 аввалин ректори Университети Берлин таъин шуд. Дар ташаккули афкори фалсафии Фихте ду марҳала вуҷуд дорад. Дар марҳалаи аввал (то 1810) мафҳуми «Ман»-и мутлақ ва дар марҳалаи дуюм мафҳуми ҳастии мутлақро таҳқиқ намуда, аа идеализми субъективӣ ба идеализми объективӣ гузаштааст.
Мисли Кант Фихте ҳам фалсафаро пояи асосии тамоми илмҳо мешуморид. Ба фикри ӯ, илм ҳамчун система бояд асоси ягонаи ҳақиқӣ дошта бошад. Дар фалсафа Фихте «чизҳо дар худ»-и Кантро рад намудааст.
Мазмуни асосии таълимоти фалсафии Фихте аз фаъолияти ягонаи «худшиносӣ» ё худ «Ман» иборат аст, ки он, аз як тараф, ҳастии мутлақ ва аз тарафи дигар, ашёи олами беруна е худ «ғайри «Ман»- ро дар бар мегирад. Фалсафаи Фихте ба инкишофи идеализми классикии немис аз Шеллинг ва Гегель сар карда то ғояҳои фалсафию эстетикии романтизми йенӣ таъсири калон расондааст. Шеллингу Гегел идеализми субъективии Фихтеро ҳаматарафа танқид кардаанд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …