Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ФИТРАТИ ЗАРДУЗИ САМАРҚАНДӢ Саидкамол

ФИТРАТИ ЗАРДУЗИ САМАРҚАНДӢ Саидкамол

ФИТРАТИ ЗАРДУЗИ САМАРҚАНДӢ Саидкамол (таваллуд 1657, Самарқанд—соли вафот номаълум, Бухоро), шоири тоҷик. Аз табақаи ҳунармандон. Хонаводаи Фитрати Зардузи Самарқандӣ ба зардӯзӣ машғул будавд. Шоир низ ин ҳунарро ёд гирифта, дар зардӯзӣ маъруф шуд. Аз ҷавонӣ ба шеъргӯӣ шурӯъ кард. Баъди хатми мактаб муддате ба худомӯзаӣ машғул шуда, сипас барои таҳсил ба Бухоро рафт. Шоир дар Бухоро баробари таҳсил фаъолияти адабии худро низ равнақ дод. У дар Бухоро, бино ба гуфтаи муаллифи «Убайдуллоҳнома» Мир Муҳаммадамини Бухороӣ, «ба рафтуомад ба дарбори подшоҳу хонаи умаро камтар саъй менамуд ва бо рӯзии андак, ки тавассути ҳунари зардӯзии худ ба даст меовард, қаноат мекард».
Осори Фитрати Зардузи Самарқандӣ пурра боқӣ намондааст. Девони ашъораш ҳоло дар даст нест, вале ғазалҳояш дар баёзҳо маҳфузанд. Маснавии «Толибу Матлуб»-и ӯ то ба мо расидааст. Шоир дар тамоми жанру шаклҳои маъмули назми замонаш қувва озмуда бошад ҳам, ғазал дар эҷодиёти ӯ мавқей асосӣ дорад. Малеҳои Самарқандӣ дар «Муздкир-ул-асҳоб» ду хусусити барҷастаи ғазалиёти
шоирро қайд кардааст, ки яке нозукӣ ва дитаре тозагии онҳост. Дар ҳақиқат, ғазалҳояш мазмунан дақиқ ва нозук буда, дар онҳо шоир пайваста ба эҷоди образҳои шоирона кӯшидааст. У ба равияи сабки ҳиндӣ истиораҳои нозуку латиф офаридааст. Чунончи:
Шухи аз чашми ту гоҳе ки рамидам гирад,
Аз сари ҳар мижаат ноз чакидан гирад.
Кард ҷазби нигаҳам шишаи дилро зи ту пур,
Кист чун ман, ки паризод ба дидан гирад.
Ин чӣ шӯхист, ки гар сурати чашми ту кашам,
Варақ аз сояи наззора рамидан гирад.
Фитрати Зардузи Самарқандӣ дар таърихи адабиётя тоҷик бештар бо достони «Толибу Матлуб» («Козурписар») мақом пайдо кардааст. Ин қисса аз дилангезтарин қиссаҳои ишқии адабиёти классикии тоҷик буда, бо тозагни сюжет, ғояи олӣ ва бадеияти баланди худ дар достонсароӣ мақоми хоса дорад. Фитрати Зардузи Самарқандӣ сюжети ин қиссаро аз эҷодиёти халқ гирифтааст. Достон дар ҳудуди 850 баит бу, да, дар он ишқи нокоми Толиб (козурписар) ва Матлуб (шоҳдухтар) тасвир шудааст. Дар достон меҳнати пурифтихори ҳунармандӣ ва шаъну шӯҳрати ҳунармандон тараннум ва ишқу муҳаббати поки инсонӣ васф шудааст.
Адабиёт: Гулшани адаб, ҷилди 4, Душанбе 1977.
С. Саъдиев.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …