Маълумоти охирин
Главная / Илм / ФИЛОЛОГИЯ

ФИЛОЛОГИЯ

ФИЛОЛОГИЯ (юнонӣ рhilolojia — сухандӯстӣ, донишдӯстӣ), маҷмӯи илмҳои иҷтимоӣ—забоншиносӣ, адабиётшиносӣ, таърих ва ғайра, ки ба воситаи таҳлили забон ва услуби осори хаттӣ (матн) таърихи маданияги маънавии инсониятро омӯхта, моҳияти онро ошкор месозанд. Асоси таҳқиқи филологиро матн ташкил менамояд ва ин таҳқиқ ду ҷанба дорад: яке ҷанбаи маҳдуд, ки ба омузиши ҷиҳатҳои шаклӣ ва зоҳирии мати, дигаре ҷанбаи васеъ, ки ба мазмуни матн алоқаманд аст. Муҳаққиқи матн бояд забону адабиёт, таъриху ҷуғрофия, фалсафаю иқтисодиёт, ҳуқуқ ва дигар соҳаҳои илмҳои иҷтнмоиро хуб бидонад ва ҳатто аз илмҳои табиатшиносӣ огоҳ бошад.

zabon
Аввалин намунаҳои филология дар Ҳиндустон (олимон Панипи ва Патаҷали) ва Юнони Қадим («Поэтика»-и Арасту) ба зуҳур омадааст. Анъанаҳои филологияи Ҳиндустон ва Юнон дар мамлакатҳои гуногуни Шарқу Ғарб идома ёфтанд. Давраи тараққиёти баъдинаи филология дар Европа ба аҳди Эҳё марбут аст. Дар ин давра шавқу мароқ нисбат ба тамаддуни атиқа ва ҷамъ намудани ёдгориҳои он афзуда, боиси вусъат ёфтани довраи филология гардид. Дар асрҳои 17 —18 филология тадриҷан ҳамчун илм ташаккул ёфта, омӯзиши ҳамаҷонибаи маданияти бостонӣ мавзӯи асосии он қарор гирифт. Ин давраи нашъунамои он истилоҳ «филологияи классикӣ» мебошад. Асри 19 давраи наве дар инкишофи филология гардид. Таърихи қадим чун як соҳаи махсус аз филологияҷудо шуд. Дар айни вақт бо таъсири романтизм ва дигар ҷараёнҳои ғоявӣ дар баробари «филологияи классикӣ» «филологияи нав» ба вуҷуд омад, ки ба он бародарон Я. ва В. Гримм, Ф. Дис, Й. Добровский, А. Востоков асос гузоштаанд, ҳудуди филология тангтар гардида, усулҳои тадқиқ ва таҳқиқ беш аз пеш амиқтар шуд. Олимон аз зикри маҳзи далелу мадракҳо худдорӣ намуда, бештар ба кашфи қонуниятҳои инкишофи забон ва адабиёт майл намуданд. Аз рӯи омӯзиши забон ва адабиёти як ва ё якчанд гурӯҳи миллатҳо ва халқҳо филология низ ба риштаҳои мухталиф, аз қабили филологияи румӣ, филологияи олмонӣ, славяншиносӣ, шарқшиносӣ, эроншиносӣ ва ғайра ҷудо шуд. Филология ҳамчун илми мустақил ҳоло хеле тараққӣ карда, методҳои тадқиқи он мукаммалтар гардидааст. Бинобар ин забоншиносӣ ва адабиётшиносӣ, ки асоси илми филологияро ташкил медиҳанд, дар навбати худ ба чанд соҳа тақсим шудаанд. Масалан, забоншиносии умумӣ, таърихи забон, лаҳҷашиносӣ, луғатшиносӣ ва ғайра ба илми забон, таърихи адабиёт, назарияи адабиёт, танқиди адабӣ ва ғайра ба илми адабиёт мансубият пайдо кардаанд. Филология фолклоршиносиро ҳам, ки асоси баҳси он санъати сухан аст, дар бар мегирад. Дар натиҷаи тараққиёти филология соҳаҳое, аз қабили услубшиносӣ, матншииосӣ, назарияи тарҷума ва ғайра ба вуҷуд омаданд, ки ба забоншииосӣ ва адабиётшиносӣ марбутанд.
Филологияи тоҷик таърихи деринае дорад. Муҳаққиқон таърихи пайдоиш ва ташаккули филологияи тоҷик ва халқҳои дигари эронинажодро ба асрҳои 3—6, давраи тарҷума ва тафсири Авесто (нигаред Занд, Позанд) нисбат медиҳанд. Дар ҳамин давра баробари асарҳои бадеӣ, динӣ, фалсафӣ, ҷуғрофӣ ва ғайра ду фарҳанги муҳим («Фарҳанги паҳлавӣ» ва «Фарҳанги оим — евак») ба миён омадаанд. Дар асрҳои миёна низ дар соҳаҳои луғатсозиву луғатшиносӣ, таърих ва назарияи адабиёт, тарҷума асарҳои зиёде ба вуҷуд оварда шудаанд. Фақат шумораи муҳимтарин фарҳангҳо аз дусад бештдр аст, ки танҳо қисме аз онҳо то замони мо расидааст (нигаред Лексикография). Дар боби таърихи адабиёт аввалин намунаҳои тадқиқи эҷодиёти бадеӣ ва баёни аҳволу осори адибон тазкираҳо ба шумор мераванд (нигаред Тазкира). Дар соҳаи назарияи адабиёт, хусусан поэтика, ки илмҳои арӯз, қофия ва балоғатро дар бар мегирад, асарҳон барҷастаи тадқиқӣ таълиф ёфтаанд («Тарҷумон-ул-балоғат», «Ҳадоиқ-ус-сеҳр фӣ-дақо- иқ-иш-шеър», «Ал-мӯъҷам» ва ғайра. Илова бар ин, бузургони илму адаб дар осори бадеӣ ва тадқиқии худ ба масъалаҳои забон ва адабиёт бисёр андешаҳои пурарзиш баён кардаанд, ки аксари онҳо аҳамияти худро ҳанӯз гум накардаанд.
Филологияи советик тоҷик, ки зодаи Революцияи Кабири Сосиалистии Октябр аст, ба методологияи марксистӣ-ленинӣ такя намуда, беҳтарин анъанаҳои замани гузаштаро истифода бурда, муваффақиятҳои калон ба даст меоварад. Олимон саъй мекунанд, ки мавқеи ҷамъиятии забон на адабиётро дарк карда, қонуниятҳои тараққиёти таърихии онҳоро ошкор созанд ва мероси пурбаҳои маданияти гузаштаро ба хизмати муосирони худ бигузоранд.
А. Маниёзов.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …