Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ФЕРСМАН Александр Евгеневич

ФЕРСМАН Александр Евгеневич

ФЕРСМАН Александр Евгеневич (8. 14. 1883, Петербург — 20. 5. 1945, Сочи, дар Москва дафн шудааст), геохимик ва минаралоги советӣ, академики Академияи Фанҳои СССР (1919). Шогирди В. И. Вернадский. Муаллифи асарҳои барҷастаи «Геохимия» (ҷилд            1—4, 1933—39), «Пегматнтҳо» (1931).

Ферсман мутахассиси калони соҳаи сангҳои қиматбаҳо ва резакорист. Муассиси якчанд ташкилотҳои илмӣ ва ташкилкунандаи экспедисияҳои геологӣ (аз ҷумла экпедисияҳо дар нимҷазираи Кола, Осиёи Миёна ва Урал) оид ба омӯзиши захираи маъданҳост. Лауреати Мукофоти ба иоми В. И. Ленин (1929), Мукофоти давлатии СССР (1942). Ба номи ӯ 2 минерал— феромит (оксиди титану ниобий) ва ферсманит (силикати титалу ниобий) гузошта шудааст. Е.С. Шагалов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …