Маълумоти охирин

ФАСОҲАТ

ФАСОҲАТ (арабӣ — равонии сухан, хушгӯӣ), дар илми бадеъ аз заъфи таълиф фориғ будани каломро гӯянд. Фасоҳат асосан ба таркиби лафз, яъне ба шакл дахл дорад ва аз ин ҷо дар муқобили маънии бадеъ лафзи фасеҳро ҳам ба кор бурдаанд. Адабиётшиносони асримиёнагии форс-тоҷик дар тафсири Фасоҳат ба ихтилоф роҳ додаанд. Баъзеҳо фасоҳатро илми бадеъ пиндошта, тамоми санъатҳои бадеиро ҳамчун ҷузъи он шарҳ бастаанд, дигарон онро истилоҳи илми маонӣ шуморидаанд. Гӯянда бо санъати фасоҳат ба суханаш рангубор ва тароват медихад. Равонию нафосати суханро фасоҳати калом ва қобилияти каломи фасеҳ доштанро фасоҳати мутакаллим гуфтаанд.
X. Шарифов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …