Маълумоти охирин
Главная / Илм / ФАРСАНГ

ФАРСАНГ

ФАРСАНГ  фарсах, парсанг, ченаки масофа. Маълумоти аввалин оид ба фарсанг дар Авесто, инчунин дар асарҳои мулллифони асрҳои 9—10 мавҷуд аст. Дар замонҳои қадим ба ҷои фарсанг сангро кор мефармуданд. Аксари олимон дарозии 1 фарсангро 6—8 км муайян кардаанд. Аммо фарсанг дар мавзеъҳои мухталиф гуногун буд: дар асри 19 дар Бухоро, Самарқанд, Тошкент, Фарғона, Хоразм ва Хуҷанд 1 фарсанг баробари 8 чақрим, яъне тақрибан 8,5 км, дар раёнҳои ҷануби Тоҷикистонн имрӯза 1 фарсанг ба 10 ҳазор қадам, тақрибан ба 6—7 км баробар аст. Аҳолии ҳавзаи дарёи Хингоб, инчунин тоҷикони Қаротегин ва Дарвоз ба ҷои фарсанг ба сифати ченаки дарозӣ масофаи овозрасро истифода мебурданд.

Адабиёт: Рахимов М. Р., Земледелис таджиков бассейна раён Хингоу в дореволюсионный период, Сталинабад. 1957.

Ю. Бозоров.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …