Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ФАРИШТА

ФАРИШТА

ФАРИШТА ( малак, сурӯш), мувофиқи тасаввуроти асотирӣ ва динҳои яҳудӣ, масеҳият ва ислом мавҷудоти фавқуттабиии муҷаррадро гӯянд, ки гӯё дар олами «Малакут» маскун буда, амри худоро ба ҷо меовардаанд. Мувофиқи таълимоти ислом Фариштаҳо аз оташ ба вуҷуд омадаанд. Фариштаҳо шаҷараи муайян дошта, аз рӯи вазифаҳояшоя ба гурӯҳҳо тақсим мешудаанд. Фариштаҳои ба худо наздиктарин Ҷабраил, Микоил, Азроил ва Исрофил буда, ҳар яки онҳо вазифаҳои махсусро иҷро мекардаанд.

farishta
Мувофиқи илоҳиёти мусулмоли ҳар як инсон ду Фариштаи пуштибон дорад, ки якдигарро субҳ ва шом иваз мекунаид ва кори хайру шарри ҳар шахсро дар ин дунё ба ҳисоб мегиранд, то ки ба биҳишт ё дӯзах афтидани ӯро муайян кунанд. Мункару Накир аз ҷумлаи Фариштаҳое мебошанд, кп баробари аз олам гузаштани шахс дар қабр пайдо мешаванду аз гуноҳу савоби марҳум бозпурсӣ мекунанд. Парастиши Фаришта моҳияти иртиҷоӣ дошта, барои аз ҷиҳати маънави гумроҳ кардани оммаи васеи халқ ва мустаҳкам намудани аҳкоми дин истифода мешавад.
Д. Хушқадамов.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …