Маълумоти охирин

ФАРҲАТ

ФАРҲАТ (тахаллус; фамилия ва номаш Ҳасанов Муҳиддин; 7. 8. 1924, Хуҷанд —30. 5. 1984, Душанбе), шоири советии тоҷик. Аз оилаи деҳқон. Аъзои КПСС аз соли 1948. Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941 —45). Институти давлатии педагогии Ленинободро хатм кардааст (1948). Солҳои 1953—54 мудири шӯъбаи адабиёт ва санъати газетаи «Тоҷикистони Сурх» (ҳоло «Тоҷикистони советӣ»), 1954— 55 ходими адабии журнали «Шарқи Сурх» (ҳоло «Садои Шарқ»), 1955— 59 муҳаррири журнали «Пионер» (ҳоло «Машъал»), 1960—69 муҳаррири калони нашриёти давлатии Тоҷикистон буд. Аз соли 1970 мудири редаксияи Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Советии Тоҷик. Аввалиш шеърҳои Фарҳат солҳои 30 дар газетаи районии Хуҷанд «Бо роҳи ленинӣ», баъдтар дар газета ва журналҳои республикавӣ чоп шудаанд. «Гулҳои шодӣ» (1948) хусан маҷмӯи шеърҳои ӯст. Минбаъд маҷмӯаҳои дигари ӯ — «Дӯст медорам» (1950), «Назми озоди» (1955), «Таронаҳои муҳаббат» (1962), «Рӯди кӯҳӣ» (1964), «Чашмаи баҳор» (1972), «Китоби дӯстӣ» (1976), «Гелоси сафед» (1981) ба табъ расидаанд, ки ашъори дар жанрҳои гуногун навишташуда ва достонҳон ӯ—«Чор минбар», «Салом, Пушкин», «Иқлими баҳор» ва ғайраро дар бар мегирард. Ашъори бачагонаи Фарҳат дар маҷмӯаҳои «Дар гирди арча»(1959), «Чашмасор» (1960), «Залгӯлаи баҳор» (1979) фароҳам омадааст. Мавзӯи асосии шеърҳои Фарҳат тавсифи зиндагӣ ва корузори халқи советӣ, тарғиби сулҳу амонӣ, маърифату дониш, дӯстӣ, тараннуми ҳаёти сосиалистӣ, тасвири манзараҳои табиат, муҳаббат ва садоқат мебошад. Мавзӯи Ҷанги Бузурш Ватанӣ дар эҷодиёти Фарҳат мақоми хос дорад. Дар шеърҳои «Зӯри халқ», «Мактуби модарон», «Ҷавоби писарон», «Салом, Тоҷикистоп», «Дӯст медорам», «Қоилам», «Саёҳати саҳрои колхозӣ» ва «Борони баҳорӣ» муборизаи қаҳрамононаи Армияи Сурх ва халқи советӣ бар зидди истилогарон, торумор гардидани фашизм, тасвири меҳнати фидокоронаи мардуми ақибгоҳ бо эҳсосоти баланди ватандӯстӣ тасвир шудааст. Дар як қатор шеърҳои Фарҳат образи В. И. Ленин, талқини ғояҳои ленинизм мавқеи асосӣ дорад («Ҳайкале дар соҳили Сир», «Ҷони орзу» ва ғайра).
Шеърҳои ӯ аз ҷиҳати равонию суфтагии забон, истифодаи санъатҳои бадеӣ ва солимии вазн ҷолибанд. Бастакорони тоҷик ба бисёр шеърҳои Фарҳат оҳанг бастаанд. Муаллифи либреттоҳои операҳои «Лаънаткардаи халқ» ва «Се бародарон». Фарҳат асарҳои А. Пушкин, М. Лермонтов, А. Прокофев, Я. Купала, П. Тичина, У. Шекспир, Я. Райнис ва дигаронро ба тоҷикӣ гардондааст. Асарҳояш ба забонҳои халқҳои СССР тарҷума шудаанд.
Бо ордени Шараф (дараҷаи 3), медалҳо, Грамотаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон ва РССБ мукофотонида шудааст. Аз соли 1947 узви Иттифоқи Нависандагони СССР.
Адабиёт: Тазкираи адабиёти бачагон, ҷилди 1, Душанбе., 1979; Писатели Таджикистана, Душанбе, 1986. У. Тоиров.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …