ФАРД, индивид, иддивидиум (лотинӣ individium — тақсимнашаванда), воҳиди хурдтарини тақсимнашавандаи намуди биологиро гӯянд, ки ба он омилҳои таҳаввулот таъсир мекунанд.
Мафҳуми «фард» фақат барои организмҳои ғаириколониявӣ хос буда, барои организмҳои колониявӣ, симбиозӣ ва ба таври вегетативӣ афзоишкунанда нисбист.