Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / «ФАРҲАНГИ ФОРСӢ БА РУСӢ»

«ФАРҲАНГИ ФОРСӢ БА РУСӢ»

«ФАРҲАНГИ ФОРСӢ БА РУСӢ» луғати дузабонаест иборат аз 2 ҷилд; бо тасҳеҳ ва эҳтимоми Ю. А. Рубинчик. Соли 1970 ба табъ расидааст. Дар мураттаб сохтани «Фарҳанги форсӣ ба русӣ» кормандони Институти шарқшиносии Академияи Фанҳои СССР — эроншиносон М. Н. Усмонов, Ҷ. Ҳ. Дуррӣ, Л. Н. Киселева, С. С. Саричев, К. Н. Брёмина, Г. А. Галимова, Г. Ю. Алиев, А. Е. Бертелс, Л. Н. Муравева, Г. И. Козлов иштирок кардаанд. «Фарҳанги форсӣ ба русӣ» шомили 60 ҳазор калима буда, калимаву ибораҳои забони ҳозираи форсӣ, истилоҳоти иҷтимоию сиёсӣ ва илмию техникии серистеъмол, калимаҳои гуфтугӯӣ, калимаҳои иқтибосии забонҳои европоӣ, як миқдор луғоти адабиёти классикии форс-тоҷикро дар бар мегирад. Дар радифи моддаҳон луғавӣ транскрипсияи онҳо бо ҳуруфи русӣ омада, ба воситаи аломату ихтисороти шартӣ хусусиятҳои грамматикӣ ва услубиашон тавсиф ёфтааст. Дар охири ҷилди 2 рӯйхати номҳои ҷуғрофӣ, шахсҳо, ҷадвали солшумории шамсию қамарӣ, ҷадвали воҳидҳои ченаку андоза (муаллиф К. Н. Ерёмина) ва очерки грамматикии забони форсӣ (муаллиф Ю. А. Рубинчик) оварда шудаанд. В. Капранов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …