Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ЭВФЕМИЗМ

ЭВФЕМИЗМ

ЭВФЕМИЗМ (аз юн. euphemia — худдорӣ кардан аз истеъмоли калимаҳои дурушт), яке аз воситаҳои муҳимми нутқи ҷаҳонӣ (суханронӣ) ва хаттиро гӯянд; ба ҷои калимаҳои гушхарош, беадабонаву қабеҳ синонимҳои писандидаву зебои онҳоро истифода мебаранд. Дар забон Э.-ҳо хеле зиёданд: ба ҷои «хар» «дарозгуш», ба ҷои «мурдан» «аз олам чашм пушидан», «аз дуньё гузаштан», «бандагиро ба ҷо овардан», ба ҷои «қабр» «оромгоҳ» ва ғ. Яке аз сабабҳои пайдоиш Э. ба ҷо овардани шарти адаб, худдорӣ кардан аз истеъмоли калимаҳои дурушт мебошад Табибон дар назди бемор номи касалии уро бо калимаҳои лотинӣ ё истилоҳҳои тиббӣ ифода мекунанд Сабаби дигари пайдоиши Э. манъи ифшои сирри ҳарбӣ ва давлатӣ мебошад. Дар ин сурат номи мамлакатҳо, шаҳрҳо, иқдомҳои ҳарбӣ бо ҳарфи Н (эн) ё дигар ибораҳо иваз мешаванд. Дар баъзе жаргонҳо ба ҷои калимаҳои «боназокату «зебо» Э.-ҳои баръакс (дисфемизмҳо) аз қабили «пой дароз кардан», «забон газидан» ва ғ. ба ҷои «мурдан» истифода мешаванд.

Ад.: Муҳаммадиев М., Эвфемизм ва аҳамиятн он, «Мактаби совеетӣ», 1978, № 11.

М. Муҳаммадиев, С. Ҳалимов.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …