Маълумоти охирин

ЭРМИТАЖ

ermitazh

ЭРМИТАЖ дар Ленинград (аз Франс, ennitage — хилватгоҳ), яке аз музейҳои калоптарини бадеӣ ва маданӣ-таърихии ҷаҳон. С. 1764 бо коллекцияи махсуси Екатерина» II, ки иборат аз 225 мусаввара буд, бунёд шуда, с. 1852 тамошои он ба омма муяссар гардид. Дар Э. коллекцияи ёдгориҳо» таърихии давраҳои ибтидоӣ, Шарқи Қадим, Мисри Қадим, маданияти атака ва асрҳои миёна, санъати Европаи Ғapбӣ ва Шарқӣ, археология ва ёдгориҳои бадеии Осиё, ёдгориҳои маданияти а-ҳои 8—19-и рус ва ғ. гирдоварӣ гардиданд. Бинои Э.— Қасри зимистони, Э.-и Хурд (1764—67, меъмор Ж. Б. Валлен-Деламот), Э.-и Куҳна (1771—87, меъмор Ю. М. Фельтен), Э.-и Нав (1889—52, меъмор Л. фон Клапце), Театри эрмитаж (1783—87, меъмор Ч- Кваренг) —барҷастатарин ансамбли меъмориро дар бар мегирад. Э. бо ордени Ленин мукофотонида шудааст (1965).

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …