Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / «ЭҲЁ УЛУМ-ИД-ДИН»

«ЭҲЁ УЛУМ-ИД-ДИН»

«ЭҲЁ УЛУМ-ИД-ДИН» асари муҳимми Ғазолӣ роҷеъ ба масъалаҳои динӣ, фалсафӣ, тасаввуфӣ ва ахлоқист. С-ҳои 1099—1102 ба забони арабӣ таълиф шудааст. «Э.» аз 4 ҷилд (рубъ) иборат буда, дар рубъ 10 китобро дар бар мегирад. Муаллиф дар «Э.» бисьёр масъалаҳои ирфониро бо таълимоти динӣ ҷелом мувофиқ кунонида, равияи тозаи тасаввуфи муътадилонаро ба вуҷуд овард. Шакли мухтасари форсӣ-тоҷикии «Э.» «Кимиёи саодат» ном дорад, ки онро низ худи Ғазолӣ навиштааст.

Дар китобхонаҳои ҷаҳон тақр. 109 дастхати «Э.» маҳфуз аст. Матни «Э.» бори аввал с. 1852 дар ш. Нодара ба табъ расид. Тарҷумаи форсӣ-тоҷикии он низ вуҷуд дорад. Минбаъд ба бисьёр забонҳои европоӣ, аз ҷумла забони русӣ тарҷума ва нашр шуд. «Э.» шарҳу таълифоти зиёд дорад.

Ад.; Абу Хамид ал-Гааали, Воспрещение наук о вере. Набранные главы, М., 1980.

Н. Назаров.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …