ЭҲСОН (ар. —некӯӣ, лутфу марҳамат), накукорӣ ба шахсест, ки аз он манфиат дошта бошад. Хайру Э. дар афкори ахлоқӣ сабаби некномӣ ва дурусткорию хуҷастафарҷомӣ мебошад. Э.-у карамро Ғазолӣ дар «Кимиёи саодат» хислати асосии фозилон шуморида, раво набудани суди бисьёр, гарон доштани моли дарвеш, одил будан дар ситонидани баҳо, барои адои қарз ба фақирон муҳлат додан, муомила ба шахси фозил ва таъиз назадани нодориро барои накукорон пешниҳод намудааст. Шоирони классикии форс-тоҷик ашъори эиёде роҷеъ ба хайру Э. навишта, онро ҳамчун сифати ҳамидаи ахлоқӣ тараннум намудаанд.М. Мирбобоев.