Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / СИËСАТИ ИҚТИСОДӢ

СИËСАТИ ИҚТИСОДӢ

СИËСАТИ ИҚТИСОДӢ, системаи чорабиниҳои иқтисодиеро гӯянд, ки давлат дар форматсияҳои тосотсиалистӣ ба манфиати синфи ҳукмрон ва дар давраи сотсиализм ба манфиати тамоми ҷамъият меандешад. Ба воситаи ин сиёсат вазифаҳои марҳалаи муайяни инкишофи форматсияи ҷамъиятию иқтисодӣ бо усулҳои гуногун амалӣ мегарданд. Характери сиёсати иқтисодии давлати буржуазиро моликияти хусусии капиталистӣ будани олот ва воситаҳои истеҳсолот, инчунин муносибатҳои истеҳсолии буржуазӣ муайян мекунанд. Мақсади ин сиёсат муҳофизат намудани моликияти капиталистӣ ва васеъ кардани доираи истисмори копиталистӣ мебошад. Ин сиёсат ба манфиатҳои асосии оммаи меҳнаткашон тамоман мухолиф буда, боиси тезу тунд шудани зиддиятҳои синфӣ мегардад. Азбаски иқтисодиёт дар мамлакатҳои капиталистӣ дар дасти шахсони алоҳида мебошад, чорабиниҳои иқтисодии давлати капиталистӣ танҳо ба манфиати буржуазияи монополистӣ андешида мешаванд. Сиёсати иқтисодии ҷамъияти сотсиалистӣ ба истифодаи бошууронаи қонунҳои иқтисодии сотсиализм асос ёфта, ба фароҳам овардани шароити зарурии тараққии босуръати истеҳсолоти ҷамъиятӣ нигаронида шудааст ва бо ин роҳ талаботи рӯзафзуни тамоми аҳли ҷамъият ва ҳар як аъзои ҷудогонаи он қонеъ кунонда мешавад. Дар замони сотсиализм рол ва миқёси таъсиррасонии сиёсати иқтисодии давлат ба инкишофи ҷамъият беандоза меафзояд, зеро ин сиёсат тамоми хоҷагии халқро фаро гирифта, мунтазам ба амал гузаронида мешавад.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …