Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Деҳаи Панҷсолаи дуюм

Деҳаи Панҷсолаи дуюм

Панҷсолаи дуюм, деҳаест дар Совети қишлоқ Тӯғалани райони Колхозобод, вилояти Қурғонтеппа. Территорияи колхози ба номи И. Ленин. Аз деҳа то маркази Совети қишлоқ ва то район 6 км; роҳ асфалтпӯш.

Аҳолиаш 1548 нафар (1983), тоҷикон. Деҳа мактаби миёна, клуб, китобхона, магазин, шӯъбаи алоқа ва фер­маи говпарварӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ — пахтакорӣ, чорводорӣ, кирмакдорӣ. Заминҳо аз дарёи Вахш обёрӣ мешаванд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …