Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Деҳаи САНГМИЛА

Деҳаи САНГМИЛА

САНГМИЛА, деҳаест дар Совети қишлоқ Шаҳринави райони Ҳисори Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон. Территорияи комплекси чорводории байниколхозии ба номи М. В. Фрунзе. Аз деҳа то маркази Совети қишлоқ 11 километр; то район 25 километр; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 223 нафар (1981), тоҷикон. Мактаби миёна ва магазин дорад. Соҳаҳои хоҷагӣ чорводорӣ, зироаткорӣ (ғалладона, хӯроки чорво) ва боғу токдорист. Заминҳо аз дарёи Қаротоғ обёрӣ мешаванд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …