Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ЧУКЧИҲО

ЧУКЧИҲО

ЧУКЧИҲО, халқ, аҳолии аслии Округи Автономии Чукоткаи вил. Магадани РСФСР; дар шим. Округи автономии Коряк ва pаёни Нижнеколымски РАСС Ёқут. низ зиндагӣ мекунанд. Чукчиҳои гавазнпарвари минтақаи тундра худро чавчу (гавазнӣ), Чукчиҳои соҳил—анкалын (поморҳо, яъне, лабибаҳриён) гӯянд. Номи умумии Чукчиён-луораветлан (одами ҳақиқӣ) ҳамчун номи тамоми халқ нуфуз пайдо накард. Шумораи Чукчиҳо. 14 ҳаз. наф. (1979). А сосан ба забони чукотӣ гап мезананд. Ба забони Чукчиҳо китобҳои дарсӣ ва адабиёти бадеӣ нашр мешаванд.

chukchiho

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …