ЧИНОР, чанор, чинол, дулб (Platanus orientalis), дарахти азимест (аз оилаи чинориҳо), ки баргҳои панҷамонанд ва чӯби сахт дорад. Дар шароити Помиру Олой то 10—35 м қад мекашад, диаметри танааш ба 8,5 м мерасад. Дарахти хеле сершоху сербарг аст; дар сояи он китобхона, чойхонаву ошхона ҷой мегирад.
Чинори худрӯй хоси ҷангалзори паҳнбарг (қ-кӯҳҳои Ҳисору Дарвоз, шарқ ва ҷан. Тоҷикистон, Помири Ғарбӣ; то 2000 м аз с. б.) аст. Одатан ҳамроҳи чормағз, чилванг, сафедор, челон, панҷангушт ва ғ. месабзад; дар соҳили дарьёҳои кӯҳӣ ҷо-ҷо чинорзорҳо мавҷуданд. Чинор дарахти дарозумр аст.
Дар ниҳолхонаҳо Чинорро аз тухм, қаламча (дарозиаш 28—30 см, диаметраш 2—3 см) ва фарғуч зиёд мекунанд. Ниҳолро аз 3-солагӣ кӯчат мекунанд.
Чинор дарахти хеле қадимист ва онро «муқаддас» меҳисобанд.
Шамси Табрезӣ гуфтааст;
Чинор фаҳм кунад андаке зи рози чаман.
Ҳазор даст барорад хушу дуо кунад.
Абӯалии Сино бо пӯстлохи Чинор барас, бо баргаш омоси банди зону, ҷароҳат, дарди чашм, дандон ва ғ-ро табобат мекард. Чӯби Чинор дар дуньё машҳур аст; онро дар мебелсозӣ ва киштисозӣ истифода мебаранд.
Чинор чун дарахти базебу сояафкан (алалхусус дар ноҳияҳои гарму камбориш) қимати хеле калон дорад. Соҳили дарёҳоро мустаҳкам мекунад.
Ад.: Деревья и кустарники для озеленения Таджикистана, Д., 1065; Запрягаева В. И., Лесные ресурсы Памиро-Алая. Л., 1976. М. Ҳоҷиматов.