ЧИМ, як порчаи чимзамин аст, ки дар шакли росткунҷа (тахта-тахта) буранд. Чимро барои зудтар сабзазор кардани ҷойҳои бегиёҳ, мустаҳкам намудани нишебии дарғот, канори р. о. ва ба мақсадҳои диг. (мас., барои сабзамайдон ва ба гулгаштҳо тақсим кардани он) истифода мебаранд.