Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Вилояти ЧЕРКАС

Вилояти ЧЕРКАС

cherkas-province

ЧЕРКАС, вилоятест дар ҳайати РССУ. 7 янв. 1954 ташкил шудааст. Масоҳ. 20,9 ҳаз. км2. Аҳолиаш 1533 ҳаз. наф. (1984), аҳолии шаҳри 49%. Вилоят 20 район, 15 шаҳр ва 19 птш дорад. Марказаш ш. Черкассы. Вилоят дар ҷараёни миёнаи д. Днепр ҷойгир аст. Ҳаррорат. миёнаи янв. —5С, июль 19С. Боришоти солова 560 мм. Ангишти бӯр истихроҷ мекунанд. ГЭС-и Канев ҳаст. Корхонаҳои саноати хурокворӣ, химия, мошинсозӣ (мошинҳои х. қ., асбобҳо, дасгоҳҳо ва ғ.), сабук, чӯбгарӣ мавҷуданд. Гандум, ҷуворимакка, ҷав, лаблабуи қанд, офтоопараст мекоранд. Картошкаю сабзавоткорӣ ва боғдорӣ тараққӣ кардааст. Чорвои гӯшту ширдиҳанда ва паранда мепарваранд. Днепр киштигард аст. Вилоят бо ордени Ленин мукофотонида шудааст (1985).

 

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …