Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Чашмаи обисафед

Чашмаи обисафед

Обисафед, чашмаи гарми мине­ралӣ дар pайони Ғарми PCG Тоҷикистон 22 километр шимоли ғарбтари деҳаи Ҳоит, дар водии дарёи Қароқушхона воқеъ аст. Оби чашма аз тарқишҳои тектоникии байни табақаи оҳаксангу варақсангҳои силури боло ҷорист.

Дебиташ 10—12 л/сония, ҳарорати об 51° Селсия. Оби чашма аз қабили обҳои силисий (50 миллиграмм/литр), фтор (11 миллиграмм/литр), сулфати гидрокарбонати натрийдор буда, дар таркибаш инчунин ба миқдори ниҳоят кам манган, никел, титан, молиб­ден, волфрам, мис, сурб, нуқра, рӯҳ, қалъагӣ, германий, галлий, бор, бе­риллий, барий, стронсий, литий ва дар ҳолати ҳалшуда гази азот мавҷуд аст. Ин обро ба мақсадҳои муолиҷа (қабули ваннаҳо) истифода бурдан мумкин аст.

Инчунин кобед

Бинои шоми хучанд

Шоми Хуҷанд – Ошхонаи миллии ш. Душанбе

Марҳамат ба Ошхонаи Шоми Хуҷанд! Шоми Хӯҷанд ин маконест дӯстони азиз, ки Шумо аз истеъмоли хӯрокҳои …