ЧАШМА, ҷоест, ки аз он оби зеризаминӣ берун омада, равон мешавад. Чашмаҳо дар қаъри ҳавзаҳои об низ вуҷуд доранд. Онҳо доимӣ, мавсимӣ, бефишор, фишордор, аз рўи ҳарорати оби худ муқаррарӣ, хунук ва гарм мешаванд.
Дар ҳудуди Тоҷикистон зиёда аз 200 Чашмаи обаш хунук, гарм ва минералӣ мавҷуд аст. Чашмаҳои минералӣ вобаста ба таркиби химиявиашон ишқордор, шӯр, сулфурдор, карбонати (оҳақдор), оҳану силицийдор ва ғ. мешаванд. Аксари обҳои минералии Тоҷикистон дар таркиби худ анионҳои карбонат, йоду бром, силикат, нитрат, инчунин гидрогенсулфид, радон ва метан доранд. Дар назди Чашмаҳои гарми минералӣ табобатгоҳҳои Гармчашма, Хоҷаобигарм, Обигарм ва ғ. воқеъ гаштаанд.