Маълумоти охирин
Главная / Илм / ЧАРБУ

ЧАРБУ

ЧАРБУ, чарбӣ, чарб, 1) як навъ пайвасти органикист; асосан эфирҳои мураккаби глицерин (триглицеридҳо) ва кислотаҳои якасосаи чарбӣ. Мансуби липидҳост. Чарбу чун карбогидрату сафедаҳо яке аз ҷузъҳои асосии ҷуҷайраю бофтаҳои ҳайвонот мебошад. Дар бензин, карасин, эфир, бензол ҳал шуда, дар об ҳал намешавад. Чарбуҳои табиӣ триглицеридҳои омехта буда, дар таркибашон кислотаҳои чарбии озод, моно- ва диглицеридҳо, фосфатидҳо, стеринҳо, витамин ва ғ. низ доранд. Чарбу манбаи асосии энергияи организм аст. Баъзан миқдори Чарбу дар организм ба 50% мерасад. Чарбуи бисёр ҳайвонот (гов, буз, гӯсфанд ва ғ.) маҳсулоти хӯрокии пурбаҳост, Чарбуро инчунин дар тиб, атриёт ва собунпазӣ истифода мебаранд.

charbu

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …