Маълумоти охирин
Главная / Биология / ЧАЛҒӮЗА

ЧАЛҒӮЗА

ЧАЛҒЎЗА, ҷалғӯза, 1) дарахти ҷалғӯза, шарбин (Larix), як ҷинси дарахтони сӯзанбаргро гӯянд (аз оилаи санавбариҳо). То 30—35 м қад мекашад. Сӯзанбаргаш дар навдаҳои дароз ва шохчаҳо (дар ҳар банд 20—40-тоӣ) ҷой гирифтааст. Тухмаш майда, паррадор, бод мебарад.

chalghuza

Дарахти Чалғўза ба шароит хуб мутобиқ шудааст, ба хок камталаб ва рӯшноипарвард аст. Чӯби дарахти ҷалғўза хушсифат, мустаҳкам ва сахт аст. Онро дар иншооти зериобӣ, киштисозӣ, мебелсозӣ ва ҳамчун ашёи хом дар истеҳсоли целлюлозаю коғаз ва гидролиз истифода мебаранд. Пустлохашро ба сифати моддаи даббоғӣ кор мефармоянд. Дарахти ҷалғўуза растании ороишист, онро дар боғу чорбоғҳо мешинонанд; 2) меваи дарахтони сӯзанбарг (санавбар, коҷ, сидрау дарахти ҷалғўза ва ғ.) -ро гўянд. Махсусан Чалғўзаи сидра аҳамияти калон дорад, ки онро чилғӯза ҳам меноманд. Мағзаш хеле серғизост; то 60—70% равған, 20% сафеда, 12% оҳар, витаминҳои В, Д ва микроэлементҳо дорад.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …