Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ЦЕЗАРЬ Гай Юлий

ЦЕЗАРЬ Гай Юлий

xezar-yuliy

ЦЕЗАРЬ Гай Юлий (Gaius Iulius Caesar) (102 ё 100 то м., Рим—15. 3. 44 то м., ҳамон ҷо), арбоби давлатӣ ва сиёсӣ, лашкаркаш ва нависандаи Рими Қадим. Аз асилзодагони авлоди Юлийҳо. Аввалҳо тарафдори популярҳо (ҷараёни демократии ғуломдорон) буд, ба муқобили диктатураи Сулла мубориза мебурд. Аз с. 62 то м. волии Рим. С. 80 то м. бо Марк Красе ва Гней Помпей иттифоқ, баст. (Триумвирати 1-ум). С. 59 то м. консул буд. Дар маҷлисгоҳҳои халқӣ қонунҳои аграрӣ қабул кард. С. 58 то м. ҳокими Галлия шуда, то с. 51 то м. онро ба Рим пурра тобеъ намуд. Солҳои 55—53 то м. ба Британия ва Германия шуришҳои бобарор кард. С. 49 то м. ҷанги гражданиро cap карда, с. 45 то м. якумрӣ диктатор гардид ва тамоми ҳокимиятро ба даст гирифт. Дар натиҷаи суиқасд (бо сардории Брут ва Касси) кушта шуд. Ислоҳоти тақвим (ба ном Тақвими юлианӣ, ки то февр. 1918 дар Россия вуҷуд дошт) ба Цезар тааллуқ дорад.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …