АБОНЕНТ (франсавӣ abonner – обуна шудан), шахсе (ё муассиса ва таш- килоте), ки ҳуқуқи аз абонемент истифода бурдан дорад.
Муфассал »АБОНЕМЕНТ
АБОНЕМЕНТ (аз франсавӣ abonne- ment – ба ягон чиз обуна шудан), хуҷ- ҷатест, ки ба муддати муайян аз китобхона, театр, майдони яхмолакбозӣ, ҳавзи оббозӣ, телефон, нақлиёт ва ғайра истифода бурданро таъмин мекунад. Абонемент дар кори китобхона:1) шакли хизматрасонӣ ба хонандагон, ки ҳукуқи истифодаи асарҳои нашршуда ва дигар захираҳои берун аз …
Муфассал »СИСТЕМАИ АВТОМАТОНИДАШУДАИ ИДОРА (АСУ)
СИСТЕМАИ АВТОМАТОНИДАШУДАИ ИДОРА (АСУ), маҷмӯи усулҳои иқтисодию математикӣ, воситаҳои техникӣ (ҳисобмошинҳои электронӣ, воситаҳои алоқа, олатҳои тасвири информатсия ва ғайра) ва комплекси тадбирҳои ташкилиро гӯянд, ки объектҳои мураккабро босамар идора менамояд. Системаи автоматонидашудаи идора ҳосилнокии меҳнати кормандони аппарати баплангирӣ ва идораро баланд, хароҷоти маъмурию идоравиро кам мекунад ва звеноҳои зиёдатии идораро …
Муфассал »СЕПАРАТОР
СЕПАРАТОР, полован, 1) афзорест барои аз ҳам ҷудо кардани омехтаҳои механикии моддаҳои моеъ ва сахт, аз ғашҳо тоза кардани онҳо, аз таркиби газ дур кардани зарраҳои сахту моеъ. Барои ҷудо кардани эмулсияҳо ва шаффоф намудани моеъҳо одатан Сепаратори марказгурез; барои тозакунии механикии газҳо ва аз онҳо ҷудо кардани зарраҳои сахт …
Муфассал »СЕМАФОР
СЕМАФОР (аз юнонӣ sema — аломат, сигнал ва phoros — ҳомил), 1) олати сигналдиҳандаи доимиест дар роҳи оҳан. Дар сутуни Семафор белчаҳои мутаҳаррике шинонда шудаанд, ки бо тағйир додани мавқеи онҳо ба машинисти поезд ин ё он сигнал дода мешавад. 2) Семафори баҳрӣ (дарёӣ) ба сутуни салибмонанди назди соҳил насб …
Муфассал »СЕКСТАНТ
СЕКСТАНТ (аз лотинӣ sextans— шашум; дар баҳрнавардӣ — секстан), як навъ асбоби зовиясанҷест, ки бо он баландии ҷирмҳои осмонӣ нисбат ба уфуқ ё кунҷи байни предметҳои соҳил (барои муайян намудани координатаҳои ҷои мушоҳид) чен карда мешавад. Бо Секстант кунҷҳои бузургиашон то 140°-ро чен кардан мумкин аст. Принсипи кори Секстант ба …
Муфассал »СВЕТОФОР
СВЕТОФОР (аз русӣ свет — рӯшноӣ ва юнонӣ phoros — ҳомил), олати сигналдиҳиест барои танзими ҳаракати нақлиёт ва пиёдагон дар кӯчаҳо ва роҳҳои автомобилгард, инчунии дар роҳи оҳан. Светофори навъи семафор аввалин бор соли 1868 дар Лондон ба кор андохта шуд. Аввалин Светофори серанга дар Ню-Йорк соли 1918 ва дар …
Муфассал »МИКРОФОН
МИКРОФОН (аэ микро… ва юн. phone — садо), асбоби электроакустикиест, ки лаппишҳои садоиро ба лаппишҳои электрӣ табдил медиҳад. Дар телефония, радиошунавонӣ, телевизион, тақвияти садо ва сабти овоз истифода мешавад. Аз рӯи принципи кор Микрофонҳо ангиштӣ, электродинамикӣ, конденсаторӣ, электретӣ, пьезоэлектрӣ, электромагнитӣ мешаванд. Мас., дар Микрофони ангиштӣ мембранаи ангиштӣ бо таъсири мавҷҳои …
Муфассал »МИКРОСКОПИЯ
МИКРОСКОПИЯ, номи усулҳои бо микроскоп мушоҳида намудани объектҳои майда ва майдатарин ва ҷузъҳои ба чашм нонамоёни таркибии онҳо. Усулҳои мушоҳидаи микроскопӣ вобаста ба характер ва хосияти объекти омӯхташаванда муқаррар карда мешавад. Усулҳои Микроскопмяи поляризационӣ, интерференционӣ ва люминесцентӣ мавҷуданд. Дар шуоъҳои инфрасурх, ултрабунафш ва нурҳои намоён мушоҳида намудани объектҳо ва усулҳои …
Муфассал »МОШИНҲОИ ҲАРФЧИН
МОШИНҲОИ ҲАРФЧИН дар полиграфия, мошинҳоеанд, ки барои чопи матнҳо қолабҳои чопӣ тайёр мекунанд. Истифодаи Мошинҳои ҳарфчин охири асри 19 баробари буньёди линотип ва монотип вусъат ёфт. Аз рӯи принципи тайёр кардани қолабҳои чопӣ (тасвири матн) Мошинҳои ҳарфчинӣ се навъ: металлӣ (тасвири матнро ба намуди аломатҳои ҷудогона ё сатрҳои рехтаи рельефа …
Муфассал »