Маълумоти охирин
Главная / Техника / СЕПАРАТОР

СЕПАРАТОР

СЕПАРАТОР, полован,

1) афзорест барои аз ҳам ҷудо кардани омехтаҳои механикии моддаҳои моеъ ва сахт, аз ғашҳо тоза кардани онҳо, аз таркиби газ дур кардани зарраҳои сахту моеъ. Барои ҷудо кардани эмулсияҳо ва шаффоф намудани моеъҳо одатан Сепаратори марказгурез; барои тозакунии механикии газҳо ва аз онҳо ҷудо кардани зарраҳои сахт ё моеъ Сепараторҳои газӣ ва сиклонҳо; барои аз ғашҳо тоза кардани ғалла Сепараторҳои ордкашӣ ва ғайра истифода мешавад. Дар хоҷагиии халқ Сепаратори магнитӣ, равғанполо ва ширполо бештар маъмул гаштаанд.

 

2) Дар мошинсозӣ, ҳалқаи металлӣ ё пластмассагии подшипникҳост, ки мувофиқи андозаи саққоҳо ё роликҳо комаҳо дорад ва барои аз ҳамдигар ҷудо кардани онҳо хизмат мекунад.

 

 

 

 

3) Мағзиҳои изолятсиякунандае, ки аз намадшиша, поливинилхлорид, паронит ва ғайра, дар намуди лавҳаҳои фасонӣ, сӯрох-сурох ё масомадор тайёр карда шудаанд.

Инчунин кобед

vozdushno-kosmicheskiy-samolot-spaceshiptwo-01

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ, аппарат париши реактивии идорашавандаи кайҳониро гӯянд, ки сатҳи баранда дорад ва бисёркарата …