Маълумоти охирин
Главная / Техника / СВЕТОФОР

СВЕТОФОР

СВЕТОФОР (аз русӣ свет — рӯшноӣ ва юнонӣ phoros — ҳомил), олати сигналдиҳиест барои танзими ҳаракати нақлиёт ва пиёдагон дар кӯчаҳо ва роҳҳои автомобилгард, инчунии дар роҳи оҳан. Светофори навъи семафор аввалин бор соли 1868 дар Лондон ба кор андохта шуд. Аввалин Светофори серанга дар Ню-Йорк соли 1918 ва дар Москва соли 1930 ба кор сар кард. Вобаста ба тарзи додани сигнал Светофорҳо ранга (одатан бо тағйир додани рангҳои сурх, зард ва сабз, дар роҳи оҳан— кабуд ва сафед), позитсионӣ (бо ҷойивазкунондани мавқеи яке аз рангҳо) ва муштарак (бо тағйир додани рангҳо ва мавқеи ранг) мешаванд. Светофорҳоро ҳам дастӣ ва ҳам автоматӣ ба кор андохтан мумкин аст.

Инчунин кобед

vozdushno-kosmicheskiy-samolot-spaceshiptwo-01

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ, аппарат париши реактивии идорашавандаи кайҳониро гӯянд, ки сатҳи баранда дорад ва бисёркарата …