Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат (страница 71)

Маданият ва санъат

«МЕҲРГОНИ ХУРД»

«МЕҲРГОНИ ХУРД» ( — Ҷашн, тантанаи хурд), Меҳргони хурдак, 1) аз сурудҳои мавсимию маросимии қадимии форс-тоҷик, ки Борбади Марвӣ барои ҷашворони Хусрави Парвиз эҷод кардааст. 2) Яке аз гӯшаҳост дар таркиби «Дувоздаҳмақом». 3) Шӯъбаест дар таркиби «Понздаҳмақом», ки онро бештар «меҳргони борбадӣ» ва «меҳргони шоҳӣ» меномидаанд.

Муфассал »

«МЕҲРГОНИ БУЗУРГ»

«МЕҲРГОНИ БУЗУРГ» ( —ҷашн, тантанаи бузург), 1) аз сурудҳои мавсимию маросимии қадимии форс-тоҷик, ки онро Борбади Марвӣ эҷод намудааст. «Меҳргони Бузург» дар байни мардумони Мовароуннаҳру Хуросон аз ҷумлаи беҳтарин сурудҳои ҷашни Меҳргон ба шумор мерафтааст. 2) Гӯшаест дар таркиби «Дувоздаҳмақом».

Муфассал »

МЕҲНАТӢ Мир Девонаи Бухороӣ

mesheryakov

МЕҲНАТӢ Мир Девонаи Бухороӣ (1519—1584, Бухоро), шоири тоҷик. Дар Бухоро ба дунё омада, он ҷо зиндагӣ ва эҷод кардааст. Сар­рой ва ҳалвогар будааст. Аз ишороти Нисорӣ («Музаккир-ул-аҳбоб»), Бақои («Манмаъ-ул-фузало») ва маълумоти «Тазкират-уш-шуаро»-и Мутрибӣ бармеояд, ки Меҳнатӣ шоири зарофатгӯй, ҳозирҷавоб ва ҳаҷвнигор буда, бо баҳонаи девонагӣ муллоёни мутаассиб ва ҳокимонро сахт …

Муфассал »

МЕҲНАТИИ ҲИСОРӢ

mesheryakov

МЕҲНАТИИ ҲИСОРӢ (с. тав. ва ваф. номаълум), шоири а. 16 тоҷик. Дар Ҳисор ба камол расида, бо тахаллуси «Муҳаббатӣ» шеър мегуфтааст. Баъдтар ба Ҳиндустон сафар карда ба дарбори Акбар роҳ ёфт. Акбар ба шоир тахалл. «Меҳнатӣ»-ро дода, ӯро қозии шаҳри Сархинд таъин намуд. Меҳнати Ҳисорӣ дар ҳамин шаҳр вафот кардааст. …

Муфассал »

МЕҲНАТИИ МИЕНКОЛӢ

mesheryakov

МЕҲНАТИИ МИЕНКОЛӢ (1511, Миёнкол— 1597, Самарқанд) , шоири тоҷик. Аз оилаи косиби косатарошу наҷҷор. Аз хурд. солиҳа оби падарашро омӯхта, дар синни 20—‘25-солагӣ ба Самарканд меояд ва то охири умр дар ин ҷо ба ҳунармандӣ машғул мешавад. Меҳнати минеколӣ дар доираи адабии берун аз дарбори Самарқанд ҳамчун шоири бомаҳорат мавқеи …

Муфассал »

«МЕҲМОННОМАИ БУХОРО»

«МЕҲМОННОМАИ БУХОРО» асари таърихии Афзалуддин Фазлуллоҳ. «Меҳмонномаи Бухоро» соли 1509 навишта шуда, аз муқаддима ва 59 боб иборат аст. Муаллифи асар доир ба юриши Шайбониҳои ба Ӯзганд, Сиғноқ, дашти Қипчоқ ва маҳалҳои диг. маълумот медиҳад. Баъзе бобҳои китоб ба ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ, сиёсӣ ва маданӣ, аз ҷумла ба тарзи заминдории …

Муфассал »

МЕҲМОН БАХТ

mesheryakov

МЕҲМОН БАХТ (фам. Муҳаббатов; таваллуд 25. 3. 1940, деҳаи Шули pайони Ғapм), драматург ва шоири советии Тоҷикистон. 15-Аз чӣ. Институти давлатии педагогии Душанберо хатм кард. (1963). Муҳаррир ва муҳаррири калони редакцияи адабии Комитети давлатии Тоҷикистон ояд ба телевизион ва радиои шунавонӣ (1963— 71), ҷонишини сармуҳаррири шӯъбаи  «Тоҷиктелефилм» (1971) сармуҳаррири редакцияи …

Муфассал »

МЕЪРОҶ

МЕЪРОҶ (ар.— болоравӣ, нардбон), саёҳати афсонавии Муҳаммад аз Макка ба Байтулмуқаддас бо аспи Буроқ ва аз он ҷо ба олами улвӣ (осмон) барои сӯҳбат бо Оллоҳ, ки гӯё 27-уми моҳи раҷаб баргузор гардида аст. Ба муносибати ин «воқеаи» фавқулода мусулмонон иди Меъроҷ (ё иди раҷаб)-ро ҷорӣ намданд. Бино ба ривоятҳои …

Муфассал »

«МЕЪЁР-УЛ-АШЪОР»

«МЕЪЁР-УЛ-АШЪОР» рисолаи мухтасарест доир ба илми арӯз аз қофияи шеъри арабӣ ва форсӣ (тоҷикӣ), ки соли 1254 Насируддили Тӯсӣ ба форсӣ таълиф кардааст. «Меъёр-улашъор» аз муқаддима ва ду «фан» (боб) иборат аст. Муқаддима се фасл дошта, баёни моҳияти шеър, калом, тахайюл, вазн, қофия, таносуби забонҳои арабӣ ва форсӣ (тоҷикӣ) бо …

Муфассал »

«МЕЪЁРИ ҶАМОЛӢ»

«МЕЪЁРИ ҶАМОЛӢ» асари адиби а. 14 Шамси Фахрӣ, ки ба ҳокими Шероз Ҷамолуддини Абӯисҳоқ пешкаш карда, ба ин муносибат «Меъёри Ҷамолӣ» номидааст. «Меъёри Ҷамолӣ» 4 қисм аст. 3 қисми аввал улуми сегонаи адабӣ — арӯз, қофия, бадеъро дар бар гирифтааст. Шамси Фахрӣ дар таснифи ин се қисм аз «Ҳадоиқ-ус-сеҳр»-и Рашиди …

Муфассал »