ТАМСИЛ (арабӣ — мисол овардан), 1) яке аз санъатҳои бадеии маънавист дар адабиёти тоҷик. 2) порчаҳои шеърӣ, манзумаҳое, ки дар дохили достонҳо, асарҳои насрӣ омада, ягон воқеаи пандомӯз, масал, афсонаҳои ҳикматомеэи халқӣ, ҳикоя ва латифаҳоро дар бар мегиранд. Тамсил ҳамчун ҳикояти хурди рамзӣ дар адабиёти классикии форс тоҷик маъмул буд; …
Муфассал »ТАЛҲАК
ТАЛҲАК, ЯКЕ АЗ қаҳрамонони ҳикоёту латифаҳои халқии тоҷикӣ, шахси ширинкору базлагӯй. Дар бораи шахсияти Талҳак замони зиндагӣ ва пайдоиши латифаву ҳикоятҳои халқӣ дар бораи ӯ маълумоти саҳеҳ ба даст наомадааст. Якчанд ҳикояту латифаҳоро аз номи Талҳак ва бо иштироки ӯ Убайди Зоконӣ дар рисолаи «Дилкушо» ҷамъ овардааст. Мувофиқи ин ҳикоёт …
Муфассал »«ТАЛҚИН»
«ТАЛҚИН», шакли оҳангиест, ки он даромади мавзӯъҳои аслии «Шашмақом»-ро (махсусан тавассути зарбҳои мураккаби дойра) меогоҳонад. «Талқин» одатан дар «Шашмақом» пеш аз мавзӯи аслӣ ба шакли суруди алоҳида меояд. Масалан, дар мақоми Бузург», «Насри Уззол» мавзӯи аслӣ буда, пеш аз он «талқини Уззол» (бо таронаҳояш) меояд. «талқин» ҳамеша бо зарби 3/8—3/4 …
Муфассал »ТАЛМЕҲ
ТАЛМЕҲ (арабӣ — ҷастани барқ), як навъ санъати бадеист. Ба қавли Шамси Қайси Розӣ, талмеҳ бо алфози андак бар маонии бисёр далолат кардан аст. Масалаан, шоир бештар ба воқеаҳои таърихӣ, асотирӣ, ба намҳои шахсони мӯътабар ва осори онҳо ишора намуда, ба ин восита ба тарзи мӯҷаз фикри худро қувват мадиҳад. …
Муфассал »ТАЛАБ
ТАЛАБ (арабӣ — хоҳиш, дархост, илтимос), дар илми бадеъ яке аз қисматҳои қасидаи мадҳиро гӯянд. Шоир пас аз таърифу тавсифи мамдӯҳ аз ӯ чизе хоҳиш мекунад. Дар ин маврид шоир хоҳиш ё матлаби худро бояд бо алфози маррубу маънии хуб ва лутфи ширин баён созад, то ки ба дили хонанда, …
Муфассал »ТАКРОР
ТАКРОР яке аз санъатҳои бадеии лафзист иборат аз такроран кор фармудани калимаю ибора ё гурӯҳи калимаҳо дар мисраъ ва байту бандҳои шеър ё порчаҳои мансур. Такрор бо предмети тасвир, мавзӯъ ва ғояи асар робитаи мустаҳкам дорад. Дар рубоии зерини Рӯдакӣ сухан аз мардӣ меравад ва мақсади шоир низ таъкиди чунин …
Муфассал »«ТАКОВ»
«ТАКОВ» оҳанги қадимии мавсимию маросимиест аз таснифоти Накисои Чангӣ. Таковро ҳангоми ҷашги Меҳргон иҷро мекардаанд. 2) Гӯшаи созӣ дар шӯъбаҳои «Нуҳуфт» ва «Адаҷ» («Дувоздаҳмақом»), ки дар қисмати дуюми ин шӯъбаҳо иҷро мешуд.
Муфассал »ТАЗОД
ТАЗОД (арабӣ — зидди ҳамдигар будан), дар адабиёт аз санъатҳои бадеиест, ки дар он ашё, сифатҳои онҳо, давру замон ва ғайра ба ҳам муқобил гузошта мешаванд. Тасвири тазоддӣ барои тасдиқ ва инкори ҳар ду ашё ё сифати онҳо ва ё яке аз онҳо омада мотавонад. Масалан, дар ин байти Рӯдакӣ …
Муфассал »ТАЗМИН
ТАЗМИН (арабӣ—дар зимн овардашуда), як тарз ё санъати шеъргӯист иборат аз иқтибоси порчаи асари муаллифе аз тарафи муаллифи дигар бо мақсади боэътимодтар кардани фикри бикраш ва ё барҷастатар намудани каломи бадеияш. Гоҳе шоир, ба мисли Анварӣ, пораи асари пешинаи худро иқтибос оварда метавонад. Тазмин баъзан дар асарҳои ҳаҷви низ ба …
Муфассал »ТАЗКИРА
ТАЗКИРА (арабӣ —ёддошт, ёдоварӣ кардан), маҷмӯаест, ки дар он шарҳи ҳол ва намуоди осори манзуми шоирон мухтасар оварда метавад; яке аз шаклҳои асримиёнагии адабиётшиносӣ; сарчашма барои омӯзиш ва тадқиқи адабиёт. Тазкиранигорӣ дар адабиёти форс- тоҷик таърихи дуру дарозе дорад. Қадимтарин асарҳо дар таърихи адабиёти классикии форс-тоҷик, ки ба тазкира монанди …
Муфассал »