Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат (страница 104)

Маданият ва санъат

МУРОДИИ БУХОРОӢ

person

МУРОДИИ БУХОРОӢ  Абулҳусайн Муҳаммад ибнии Муҳаммад (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири асри 10 форс-тоҷик. Зодгоҳаш Бухоро. Бино ба гуфтаи Саолибӣ («Ятимат-уд-даҳр») Муродии Бухорои дар замо­ни салтанати Сомониён зиставу эҷод карда, шӯҳрати зиёде ёфтааст. Муродии Бухорои яке аз ҳамсӯҳбатони устод Рӯдакӣ буда, пеш аз ӯ вафот карда­аст. Рудакӣ дар ин …

Муфассал »

МУРИЛО Бартоломе Эстебан

murillo-esteban

МУРИЛО (Murillo) Бартоломе Эстебан (ғусли таъмидаш 1. 1. 1618, Севиля — 3. 4. 1682, ҳамон ҷо), рассоми испанй. Дар Севиля таҳсил ва кор кардааст. Яке аз асосгузорон (1660) ва аввалин президенти АР-и маҳаллӣ. Дар нахустин асарҳои ӯ таъсири караваҷизм (равияи Караваҷо) мушоҳида мешавад. Саҳнаҳои динӣ ҳамчун воқеҳдои ҳаёти халқ тасвир …

Муфассал »

МУРАССАЪ

person

МУРАССАЪ  (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири асри 19 тоҷик. Дар «Тазкират-уш-шуаро»-и Ҳашмат аз Мурассаъ ёд шуда, «рутбаи каломаш» аз Мирзо Ҳасрати Ҳисорӣ ва Пария Ҳисорӣ болотар таъин гардидааст. Дар баёзи рақами 1256-и Китобхонаи давлатии ба номи Фирдавсӣ як мухаммаси «ширу шакар» (ба тоҷикӣ ва ӯзбекӣ) гуфтаи Мурассаъ мавҷуд аст, …

Муфассал »

МУРАККАБОТ

murakkabot2

МУРАККАБОТ, сохти пардавиест дар мусиқии форс-тоҷик. Мураккабот 24 навъ дошта, ҳар кадоми он аз ду мақом ё аз мақом ва шуъба, шуъба ва овоза, мақом ва овоза барин қаторовоз таркиб ёфта, вобаста ба ҳамин «Ҳиҷози мухолиф» (дар асоси мақомдои «Ҳиҷоа» ва «Ироқ»), «Чоргоҳи Адам» (дар асоси шуъбаҳои «Чоргоҳ» ва «Аҷам»), …

Муфассал »

МУРАДЕЛИ Вано Илич

muradeli-vano-ilich

МУРАДЕЛИ Вано Илич (6. 4. 1908, Гори —14. 8. 1970, Томск, дар Москва дафн шудааст), бастакори со­ветӣ, Ҳодими Хизматнишондодаи Санъати            Республикаи Автономии Советии Сотсиалистии Кабардино- Балқария (1953), Артисти Халқии  Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР (1968).          Аъзои Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ КПСС аз соли 1942. Консеваторияи Тбилисиро хатм намуда (1931), дар …

Муфассал »

МУРАДДАФ

muraddaf

МУРАДДАФ (ар.  радифдор) навъе аз санъатҳои лафзии шеър. Шеършиносони пешин шеъреро, ки ғайр аз қофия радиф ҳам дорад, Мураддаф номидаанд. С. Давронов.

Муфассал »

МУНҶИКИ ТИРМИЗӢ

person

МУНҶИКИ ТИРМИЗӢ  Абулҳасан Алӣ ибни Муҳаммад (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири асри 10 форс-тоҷик. Мувофиқи тасдиқи соҳиби таърихи «Эҳё-ул-мулуке, дар қарияи Мунҷики Тирмиз таваллуд ёфтааст ва тахаллуси адабиаш ҳам ба зодгоҳаш нисбат до­рад. Мунҷики Тирмизӣ пас аз таҳсили илму дониш ва ҳамчун шоир шуҳрат ёфтан, муддате дар дарбори Чағониён, …

Муфассал »

МУНЪИМИ БУХОРОӢ

person

МУНЪИМИ БУХОРОӢ  Ҳоҷӣ Абдурраҳмон ибни Қозибақо (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири асри 17 тоҷик. Дар Самарқанду Бухоро таҳсил кардааст. Дар Самарқанд муддате қозӣ буд. Баъдтар ба хид- мати Абдулазизхон (аз сулолаи Аштархониён) дохил шуд. Пас аз вафоти Абдулазизхон ба Ҳиндустон сафар карда, ба дарбори Авралгзеб роҳ ёфт ва ба …

Муфассал »

МУНШӢ

munshi

МУНШӢ (арабӣ — иншокунанда, нависанда), дабир, котиби дево­ни давлатӣ. Дар Осиёи Миёна ко­тиби шахсии хон ё ҳоким. Ба муншигй шахсони маълумотнок ва хушнавис қабул мешуданд. Муншиён одатан олиму фозил буданд ва бо ҳамин хусусият аз котибони муқаррарӣ фарқ мекарданд. Ба зиммаи Муншӣ навиштани мактубу фармонҳои хо­ну амирон ва китобати аксар …

Муфассал »

МУНТАХАБ-УЛ-ЛУҒОТ

ul-lugot

«МУНТАХАБ-УЛ-ЛУҒОТ», «М у н т а х а б-у л-л у ғ о т и Шоҳҷаҳонӣ», «Рашидии арабӣ», фарҳанги арабӣ ба форсӣ. Соли 1637 дар Ҳиндустон аз тарафи Абдуррашид ибни Абдулғафури Татавӣ тасниф шудааст. Мунтахаб-ул-луғот аз муқаддима ва 28 боб иборат аст. Калимаҳо аз рӯи ҳарфи аввал — бузургбахш (боб) …

Муфассал »